Бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ дар Роштқалъа

Дар доираи супоришҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон, роҳбарияти Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ба мавзеи офати табиӣ сафар намуда, бо зарардидагон аз наздик суҳбат намудаанд.

Бино ба иттилои МИҲД-и вилоят, таъкид гардидааст, ки “аз лаҳзаҳои аввали офати табиӣ дар ноҳия вазъият таҳти назорати Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, барои бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ дар ноҳияи Роштқалъа, аз ҷумла ба ҷойҳои бехавф кӯчонидани аҳолии зери хатар қарордошта,  бо маводи ғизоӣ ва дигар шароити зарурии зиндагӣ таъмин кардани онҳо, инчунин барқарор намудани хонаҳои зарардида чораҳои таъхирнопазир андешида мешаванд”.

Ҳамчунин, Комиссияи ҳукуматӣ оид ба бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ дар Роштқалъа бо ҷалби роҳбарони вазорату кумитаҳои дахлдори ҷумҳурӣ ба фаъолият оғоз намудааст.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 27-уми июни соли 2023 дар натиҷаи якбора гарм шудани ҳаво, обшавии босуръати пиряхҳо, баландшавии оби дарёи Шоҳдара ва омадани сел дар деҳаи Миденведи деҳоти Барвози ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон офати табиӣ рух дода, офати табиӣ ба чандин хонаи истиқоматии аҳолӣ, роҳу пулҳо, иншооти иҷтимоӣ ва заминҳои кишоварзӣ зарар расонид.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *