Бартолди тоҷикон

Суҳбат аз ҷасорат, ҳақгӯӣ ва ҳақиқатпарастии академик Аҳрор Мухторов

Дар арафаи 100-солагии муаррихи маъруф, академик Аҳрор Мухторов перомуни ҳаёт ва фаъолияти эшон бо шогирди устод, номзади илмҳои таърих, дотсент, устоди ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров Шавкат Шарифов суҳбате оростем, ки ҳоло фишурдаи онро манзури шумо мегардонем.

— Устоди гиромӣ, нахуст бо чанд ҷумла хизмати академик Аҳрор Мухторовро барои миллати тоҷик баён фармоед?

Ном ва хидматҳои мондагори Ходими хизматнишондодаи илми Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино, иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ, дорандаи чандин ордену медалҳои ҷангӣ, ордени «Шараф», узви Анҷумани илмии байналхалқии «Корпуси навиштаҷоти эронизабон» (қароргоҳаш дар шаҳри Лондон) ва дигар созмонҳои бонуфузи байналмилалии илмӣ академик Аҳрор Мухторов дар доираҳои илмии ҷумҳурӣ ва хориҷи кишвар шуҳрати зиёд дорад. Академик Аҳрор Мухторов шогирди бевосита ва идомадиҳандаи сазовори кору пайкори аллома Бобоҷон Ғафуров буда, шоҳасари «Тоҷикон» дар ду китоб солҳои 1983 ва 1985 маҳз зери таҳрири ӯ дар шаҳри Душанбе ба забони тоҷикӣ интишор гардид. Саҳми ин муаррихи маъруф дар таҳқиқу омӯзиши таърих ва тамаддуни тоҷикон, тарбияи ҳазорон омӯзгорон ва даҳҳо олимони соҳибунвон шоистаи тақдир ва эҳтиром аст.

Академик Аҳрор Мухторов поягузори мактаби илмии катибашиносӣ, сарчашмашиносӣ, васиқашиносӣ, истаравшаншиносӣ ва ғафуровшиносии тоҷик буда, ба қалами ин олими сермаҳсул беш аз 600 таҳқиқоти бунёдӣ, рисолаҳо, китобҳо ва мақолаҳои илмӣ мансубанд. Ба шарофати заҳмату корномаи барозандаи ин фидоии илм дар ҳудуди Тоҷикистон ва берун аз он қариб 2 ҳазор катибаҳои рӯи санг, беш аз 7 ҳазор васиқаҳои асримиёнагӣ ва садҳо китобҳои қаламӣ — дастнависҳои нодир ҷустуҷӯ, дарёфт ва ҷамъоварӣ шудаанд, ки барои омӯзиши таърихи давраи қадим, асримиёнагӣ ва навини тоҷикон сарчашмаҳои пурарзиш ва нодир маҳсуб меёбанд.

— Шумо дар як навиштаи хеш корномаи илмии Аҳрор Мухторовро ба ховаршиноси барҷастаи ҷаҳонӣ, академик В. В. Бартолд шабоҳат додаед…  

— Бале, зеро дар фаъолияти ин ду донишманд монандиҳое ҳаст. Дар тафовут аз баъзе муаррихон, ки бо як равияву мавзуъ ё як марҳилаи муайяни таърихӣ маҳдуд шудаанд, самту равия ва мавзӯи пажӯҳишҳои илмии академик А. Мухторов хеле серпаҳлу, гуногунҷабҳа ва аз лиҳози хронологӣ пурвусъату доманадор мебошанд. Корномаи илмӣ ва заҳматҳои беандозаи ин донишманди закиро метавон бо корномаи илмии донандаи моҳири таърихи Шарқ, ховаршиноси машҳури сатҳи ҷаҳонӣ, академик В. В. Бартолд шабоҳат дод ва Аҳрор Мухторовро бидуни шакку шубҳа Бартолди тоҷикон номидан равост. Истеъдоди нодир, дониши фавқулода, неруи баланди зеҳнӣ, қобилияти меҳнатӣ ба В. В. Бартолд имконият дод, ки дар самту равияҳои гуногуни таърих, ховаршиносӣ, сарчашмашиносӣ, бостоншиносӣ, мардумшиносӣ, фарҳангшиносӣ ва ғайра асарҳои сершумору пурарзиши илмӣ эҷод намояд. Беш аз 400 асарҳои нашршудаи академик В. В. Бартолд 45 дарсад ва 246 мақолаҳои ӯ, ки дар «Донишномаи ислом» интишор шудаанд, на кам аз 50 дарсади онҳо ба таҳқиқу омӯзиши таърих ва тамаддуни мардумони Осиёи Марказӣ, аз ҷумла тоҷикон бахшида шудаанд. Беҳуда нест, ки бо пешниҳоди сарвари Пажӯҳишгоҳи ховаршиносии АИ ИҶШС, аллома Бобоҷон Ғафуров осори академик В. В. Бартолд дар 9 ҷилд интишор гардид ва вазифаи муҳаррири масъули чунин як нашри нодир бар уҳдаи Б. Ғафуров буд.   

Шумо яке аз шогирдони арзанда ва сазовори академик Аҳрор Мухторов ҳастед. Нахустин маротиба бо устод дар чӣ муҳите вохӯрдед ва шахсияти эшонро чӣ гуна дарёфтед?

— Банда худро шахси хуштолеъ ва хушбахту сарафроз меҳисобам, ки солҳои 1976-1992 пас аз хатми факултети таърихи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (ҳоло ДМТ) дар шуъбае, ки сарварии онро ин фидокори роҳи илм бар уҳда дошт, фаъолият бурда, дар ҳайати дастаи археографӣ дар ҷустуҷӯҳои илмӣ иштирок намудам. Бо тавсияи устод ба омӯхтани рӯзгор ва осори илмии аллома Бобоҷон Ғафуров машғул шуда, рисолаи номзадии хешро ҳимоя намудам.  

Бо ҳамқаламии устод 3 рисола дар бораи академик Бобоҷон Ғафуров таълиф намуда, дар мактаби илмии ин олими номвар ташаккул ёфтам ва шарафи шогирдии ӯро дарёфтам.

— Имрӯз чун номи устод Аҳрор Мухторов ба забон оварда мешавад, кадом сифатҳои наҷиби эшон ба хотиратон мерасад?

— Ҷасорат. Бузургӣ ва донишманди асил будани устод Аҳрор Мухторов дар ҳақгӯ, ҳақҷӯ, ҳақиқатпараст, адолатҷӯ будани он кас буд. Устод ҳамеша дар маркази воқеаву рӯйдодҳои илмии пажӯҳишгоҳ ва ҷумҳурӣ қарор дошта, аксар вақт ташаббускор, сарчашмаи ғоя ва созмондеҳу «гунаҳкори» баҳсу талоши илмӣ буд. Ў аз баҳсу талоши тезу тунд, масъалаҳои душвору серпеч намеҳаросид, балки муаммоҳои ҳалношуда, масъалаҳои камтаҳқиқшударо ба миён гузошта, ҳамкасбон ва олимони ҷавонро ба мунозира даъват менамуд.

— Аз шунидани хабаре бисёр хушҳол шудем, ки ба шарафи ҷашни 100-солагии Аҳрор Мухторов куллиёти осори олим дар даҳ муҷаллад интишор мегаштааст.  

— Бале, имрӯз мо барои ба нашр омодасозии «Куллиёти осор»-и академик Аҳрор Мухторов саъю кӯшиш дорем ва он бояд бо дастгирии молиявии МИҲД-и шаҳри Истаравшан ва раиси фарҳангдӯсти шаҳр Адҳам Маъмурзода дар 10 ҷилд нашр шавад. Куллиёт тамоми самтҳои осори олим — катибашиносӣ, дипломатика (осори мустанад), маъхазшиносӣ, ғафуровшиносӣ, таърих ва фарҳанги Истаравшан, таърихи шаҳрҳои қадимаи Мовароуннаҳр ва Хуросон, рисолаҳо ва таълифоти олим оид ба масоили мероси адабии шоирони тоҷик ва адабиётшиносӣ, мукотиботи А. Мухторовро бо ашхоси гуногун фаро хоҳад гирифт. Ман ҳамчун котиби масъули Кумитаи тадорукоти ҷашн дар донишгоҳ ва яке аз муҳаррирон-мураттибони куллиёти осори олим, кӯшиш менамоям, ки ин осор чун армуғон ба ҷашни олим ва ҳаводорони мероси пурбаракати ӯ ба сифати баланд манзури хонандагон гардад.    

Мусоҳиб: Муқимҷон АЛИШЕХОВ,

рӯзноманигор

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *