Башор Асад: Ман Ватанамро қасдан тарк накардам
Президенти собиқи Сурия Башор Асад дар паёми ахир гуфт, ки нақшаи тарки кишварашро надоштааст.
«Ман Ватанамро қасдан тарк накардам, тавре ки инро ба ҳамагон мехоҳанд бигӯянд. Ман кишварамро то охирин соати муҳорибаҳо тарк накардам. Дар Димишқ монда, то субҳи 8 декабр вазифаҳоямро иҷро кардам. Дар он воқеаҳо на ман, на касе ва на дигарон масъалаи дархости паноҳгоҳ ва истеъфоро ба миён нагузоштаем”, -гуфт ӯ.
Ӯ таъкид кард, ки дар он рӯзҳо ягона интихоб «идомаи мубориза барои дифоъ дар баробари ҳамлаҳои террористӣ» буд.
Ба гуфтаи ин сиёсатмадор, ӯ танҳо пас аз вуруди нерӯҳои мухолифини мусаллаҳ ба Димишқ, пойтахтро тарк кард. Роҳбари давлат ба вилояти Латакия рафт ва аз он ҷо нақша дошт, ки амалиёти низомиро идора кунад. Аммо пас аз расидан ба пойгоҳи ҳавоии Хмеймим, ки Русия онҷо ҳузур дорад, ӯ аз суқути Димишқ хабардор шуд.
«Маскав аз фармондеҳии пойгоҳ талаб кард, ки шоми 8 декабр фавран маро ба Русия интиқол диҳанд. Ин як рӯз пас аз суқути Димишқ рух дод», — қайд кард Асад.
Тавре Башор Асад таъкид кард, ӯ мардуму артиши худро тарк накарда, ёдовар шуд, ки дар душвортарин солҳои ҷанг Сурияро тарк накарда, дар хатти аввали оташ бо сарбозону афсарон даст ба даст истода буд. Ҳамзамон, ӯ қайд кард, ки тарки ӯ аз Сурия бо сабаби суқути қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ ва фалаҷ шудани муассисаҳои давлатӣ сурат гирифт.
Дар чунин вазъ, ба гуфтаи Асад, пас аз ғасби қудрат аз ҷониби “террористон” мондани ӯ дар кишвар бемаънӣ буд, зеро ӯ имкони амалӣ кардани ваколатҳои президентии худро аз даст дод.
Ҳоло ҳукумати муваққатии Сурияро дар давраи гузариш Муҳаммад ал-Башир сарварӣ дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ