Бастани шартномаи никоҳ ҳатмӣ мешавад
Равшан Раҷабзода, узви Кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила, ҳифзи сиҳатӣ ва экологияи Маҷлиси намояндагон иттилоъ дод, ки дар ин хусус лоиҳаи тағийроту иловаҳо ба Кодекси оилаи Тоҷикистон омода шудааст. Пеш чунин шартнома танҳо бо хоҳиши зану шавҳари ҷавон роҳандозӣ мешуд.
Ҳадафи ба миён омадани тағйироту иловаҳо пешгирии афзоиши вайроншавии оилаҳо дар кишвар будааст. Шартномаи ҳатмии никоҳ метавонад ба ин мусоидат намояд ва бахусус ҳуқуқи занонро ба молу мулки якҷоя ҳимоя кунад.
Равшан Раҷабзода афзуд, ки Маҷлиси намояндагон ду ҳафта пеш ду лоиҳаи тағйироту иловаҳоро барои идоракунии хуқуқҳои оилавӣ ба Кодекси оила мавриди баррасӣ қарор дод. Парлумони поёнӣ яке аз ин лоиҳаҳоро маъқул дониста, дигараш муқарарароти Ҳукумати ҷумҳуриро интизор аст.
Як нуқтаи муҳими шартномаи никоҳ ба тақсимоти бамаслиҳати молу мулк дар сурати аз ҳам ҷудошавии зану шавҳар дахл дорад. Муаллифони лоиҳа итминон доранд, ки падарону модарони зану шавҳарҳо низ ҳангоми бекор кардани ақди никоҳ ва тақсимоти молу мулк масъул мешаванд. Аммо дар ҳукумат меҳисобанд, ки шартномаи никоҳ метавонад фақат ба муносибатҳои молу мулкии зану шавҳар дахолат бикунад ва ба вазифаву уҳдадориҳои падарону модарони онҳо рабте надорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ