Иҷозатнома барои шишаҳои сиёҳи мошин 25% боло рафт
Аз моҳи январи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон нархи иҷозатнома барои сиёҳ кардани шишаҳои мошин 25 % боло рафт.
Тавре ки аз Раёсати Бозрасии давлатии автомобилӣ иттилоъ доданд, иҷозатномаҳо барои сиёҳкунии шишаҳои мошин ба ду гуруҳ тақсимбандӣ мешаванд: “Нархи иҷозатнома барои мошинҳои истеҳсолашон куҳнатар аз соли 2005, ки то ҳол 2000 сомонӣ буд, аз 1-уми январ ба 2500 сомонӣ ва барои мошинҳои истеҳсолашон соли 2005-у аз он навтар, ки то ҳол 2480 сомонӣ буд, ба 3100 сомонӣ баробар шуд”.
БДА болоравии нархи иҷозатномаро ба афзоиши нишондод барои ҳисобҳо рабт дод, ки аз 1-уми январ ба 50 сомонӣ баробар шуд: Солҳои қаблӣ ин нишондод 40 сомониро ташкил медод. Нархи иҷозатнома чун солҳои пешӣ барои мошинҳои куҳна 50 нишондиҳанда ва барои мошинҳои нав 62 нишондиҳанда барои ҳисобҳо мебошад. Ба иттилои манбаъ, сиёҳ кардани шишаҳои пеши мошин то 14 сантиметр иҷозат дода шудааст ва меъёри равшанигузаронияш бояд 75%-ро ташкил диҳад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ