БДА-и Панҷакент ба касе гузашт намекунад

Суди Панҷакент корманди милитсия Исмоил Раҷабовро барои ба муовини сардори бахши муҳофизаи РВКД Суғд майор Луқмон Ахмедов додани мошини хидматӣ 12 ҳазор сомонӣ ҷарима бастааст.

Парвандаи худи Ахмедовро барои баррасӣ ба додгоҳи ноҳияи Ғафуров фиристодаанд. 19 апрел ҷонишини сардори Хадамоти давлатии шӯъбаи муҳофизаи Раёсати корҳои дохилии ВКД ҶТ дар вилояти Суғд майори милитсия Ахмедов Луқмон аз шаҳри Хуҷанд ба Панҷакент омада, подполковники милитсия Сотиболтиевро ба унвони сардори нави Шӯъбаи хадамоти давлатии муҳофизаи ШКД ҶТ дар шаҳри Панҷакент муаррифӣ кард. Шоми ҳамон рӯз мансаби нави Сотиболтиевро ба истилоҳ «шустаанд” ва баъди зиёфат майор Ахмедов дар ҳолати мастӣ ҳамроҳи Сотиболтиев пушти чанбари мошини хидматии шуъбаи муҳофизаи ШКД Панҷакент (мошини тамғаи «Хундай Тускан”) нишаста, ба сайри шаҳр баромаданд.Кормандони БДА ҳарду афсари баландпояи милитсияро соати тақрибан 24-и шаби 19 ба 20 апрел дар яке аз кӯчаҳои шаҳри Панҷакент дар ҳоле дастгир карданд, ки ба гуфтаи нозирони БДА, онҳо мастомаст чандин бор ба самти муқобили роҳ баромада, ба ҳаракати мошинҳои дигар мамониат эҷод карда, дар маҷмӯъ дар роҳ чандин ҳолати хатарнок эҷод кардаанд.Кормандони БДА-и шаҳр онҳоро боздошт карда ва ба маркази наркологии шаҳр барои санҷиш овардаанд. Ташхис нишон дод, ки ҳам подполковник ва ҳам майор ҳарду дар ҳолати мастӣ қарор доштанд.Аммо гуруҳи корӣ аз вазорати корҳои дохилӣ ҳоло ин фарзияро таҳқиқ мекунад, ки оё боздошти подполковник ва майор дар рӯзи аввалини кори Сотиболтиев дар мақоми сардори шуъбаи муҳофизаи милитсияи шаҳри Панҷакент амали аз пеш тарҳрезишуда, ё ба истилоҳ «подстава” набуд? Додгоҳи шаҳри Панҷакент вобаста ба ин қазия, як корманди Шӯъбаи хадамоти давлатии муҳофизаи ШКД ҶТ дар шаҳри Панҷакент, Раҷабов Исмоилро, ки мошини хидматии шӯъбаи мазкур ба номи ӯ будааст, бо ҷурми ба каси дигар додани чамбари фармони мошин 12 000 сомонӣ ҷарима кардааст. Протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурии майори милитсия, муовини сардори ХДШМ РВКД ҶТ дар вилояти Суғд Луқмон Ахмедов, барои баррасӣ ба суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров фиристода шудааст. Чунин корнамоиҳои кормандони БДА-и шаҳри Панҷакент, бори аввал нест. Онҳо қаблан ҳам чанд мансабдору фарзандони онҳоро дар ҳолати масти идора кардани воситаи нақлиёт боздошт намуда буданд.Аз ҷумла моҳи март онҳо писари ректори ДОТ дар шаҳри Панҷакентро бе ҳуҷҷати ронандагӣ ва ба дунболи он як корманди масъули ҳукумати шаҳри Панҷакентро ҳангоми дар ҳолати мастӣ рондани рондани мошин боздошт карда буданд.Ёдовар мешавем, ки моҳи августи соли 2017 парлумони Тоҷикистон бо ворид кардани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ муҷозоти ронандагони сархуш ва беҳуҷҷати ронандагиро вазнинтар намуд. Акнун дар Тоҷикистон бароидар ҳолати мастӣ рондани нақлиёт, ҳамчун ҷазо 12 000 сомонӣ ҷарима ва ё то 15 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ пешбинӣ шудааст. Муҷозот барои дар ҳолати мастӣ мошин рондани мансабдорони давлатӣ боз ҳам шадидтар буда, аз ҷумла барканории онҳо аз мансабро пешбинӣ мекунад.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

4 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *