БДА мӯҳлати ивази рақамҳои кӯҳна ба навро дароз кард

Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳлати иваз намудани рақамҳои қайди давлатии воситаҳои нақлиётро, ки ба стандарти муқарраршудаи давлатӣ (СТ ҶТ 1020-2013) мувофиқат намекунад, то 1 декабри соли 2017 тамдид  намуд.

Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Тавре иттилоъ дода шуд, ба ронандагоне, ки воситаҳои нақлиётро бо рақамҳои қайди давлатии ғайристандартӣ идора менамоянд, тавсия дода мешавад, ки дар муҳлати муайяншуда онҳоро ба рақамҳои қайди давлатии мутобиқ ба стандарти муқарраршудаи давлатӣ дар воҳидҳои бақайдгирию имтиҳонотии БДА-и маҳалли  зисташон  иваз намоянд.

Барои гирифтани маълумоти бештар шаҳрвандон метавонанд бо телефонҳои 235-05-12, 235-04-23 ва 235-79-29 муроҷиат намоянд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

7 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *