БДА шуморо маҷбуран“сиёҳшиша” карданӣ нест

 

Раёсати Бозрасии давлатии автомобилӣ (БДА) овозаҳо дар бораи аз соли нав маҷбурӣ шудани сиёҳкунии шишаҳои мошинҳо (тонировка)-ро як овозаи беасос ва дурӯғ номид. Дар байни мардум овоза шудааст, ки аз соли нав нархи сиёҳкунии шишаҳои мошинҳоро 800 сомонӣ мекунанд, вале сиёҳ кардани шишаҳои мошинҳо барои ҳама дар Тоҷикистон ҳатмӣ хоҳад шуд.

Наргис Тӯйчиева, сардори шӯъбаи таблиғоти БДА овозаҳои паҳнгашта дар бораи гӯё аз соли нав маҷбуран ҷорӣ кардани сиёҳкунии шишаҳои мошинҳо (тонировка)-ро як овозаи беасос номид ва гуфт, чунин тасмим аслан матраҳ ва баррасӣ нашудааст.

Наргис Тӯйчиева аз ронандагон даъват кард, ки ба ин овоҳзаҳои беасос дода нашаванд: «Доир ба ҳама гуна навгонӣ шуъбаи таблиғоти РБДА пешакӣ ҳамаи моликони автомашинаҳоротариқи сомонаи расмии ВКД ва тавассути васоити ахбори умум огоҳ мекунад. Ҳеҷ гунақарори ҳатман сиёҳкунии шишаи автомашинаҳо қабул нашудааст. Ба ин овозаҳо бовар накунед.»

Чанд муддат боз дар байни мардум овозаҳое паҳн шудааст, ки гӯё аз соли нав нархи сиёҳкунии шишаҳои мошинҳоро то 800 сомонӣ пойин меоранд, вале сиёҳ кардани шишаҳои мошинҳо барои ҳамагон маҷбурӣ хоҳад шуд. Бино бар ин овозаҳо, ҳукумати Тоҷикистон гӯё мехоҳад бо пуле, ки аз ҳисоби ҳатмӣ кардани мошинҳои сиёҳшиша ба даст меояд, нирӯгоҳи Роғунро бисозад.

Вале мақомоти БДА мегӯянд, ки ин масъала аслан баррасӣ нашудааст ва нархи сиёҳкунии мошинҳо низ тағйир намеёбад.

Ҳоло ҳар ронандае, ки мехоҳад шишаҳои мошинашро сиёҳ (тонировка) кунад, бояд солона барои ҳар мошини сохташ то соли 2005 ба андозаи 50 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва барои мошинҳои навтари сохташон аз соли 2005 ба ин сӯ ба андозаи 62 нишондиҳанда барои ҳисобҳо маблағ пардохт кунад. Ин маблағ барои як сол пардохт мешавад ва агар соҳиби мошин бихоҳад, ки шишаҳои сиёҳи мошинашро ҳифз кунад, бояд ҳар сол аз нав нархашро пардохт кунад.

Як нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар соли ҷорӣ 50 сомонӣ муқаррар шудааст ва ба ин тартиб, соҳибони мошинҳои сохташон то соли 2005 бояд солона барои шишаҳои сиёҳ 2500 сомонӣ ва соҳибони мошинҳои навтар 3100 сомонӣ ба БДА пардохт кунанд. Як сол қабл нархи шишаҳои сиёҳ аз 2000 то 2480 сомонӣ буд. Бар асоси қарори ҳукумат аз соли 2010, ин маблағ дар ҳақиқат бояд барои бунёди нирӯгоҳи Роғун сарф шавад.

Ронандагон иҷозатнома барои сиёҳ кардани шишаҳои мошинҳои худро аз шӯъбаҳои БДА дарёфт мекунанд. Баъди дарёфти чунин иҷозатнома онҳо ҳақ доранд шишаҳои мошинҳои худро ба таври дилхоҳ сиёҳ кунанд. Танҳо маҳдудият барои шишаи пеши мошин аст. Ронандагон ҳақ доранд фақат 20 дарсади қисмати болои шишаи пеши мошини худро сиёҳ кунанд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *