Беҳтарин блогерон дар соли 2024 муайян шуданд
Ассотсиатсияи блогерони Тоҷикистон озмуни «Беҳтарин блогери сол-2024»-ро баргузор намуд.
Дар номинатсияи «Ҳунарпеша-блогери сол-2024» ҳунарпешаи ҷавону боистеъдод Амина Ҳафизова ғолибият ба даст овард. Ӯ бо нақшҳои таъсирбахшаш дар роликҳои тарбиявӣ, таблиғотӣ ва силсилафилмҳо сазовори ҷойи аввал гардид.
Соли аввали таъсисёбии ассотсиатсия бошад, ин ҷоиза ба ҳунарпешаи ҷавон Дилноза Раҳимӣ супорида шуд, ки ӯ низ бо истеъдоди фавқулодааш дар нақшҳои асосии филмҳо ва роликҳо муваффақ гардидааст.
Имсол сазовори ҷойи сеюм ҳунарпеша ва журналисти ҷавон Гулноза Хоҷаева шуд, ки ҳам дар роликҳои таблиғотӣ ва ҳам дар силсилафилмҳо нақшҳои хотирмон офаридааст.
Инчунин, дар номинатсияи «Омӯзишӣ»-и «Блогери сол» саҳифаи «zabonomuz», ки пешбараш Тоирзода Саъдӣ аст, соҳиби дипломи озмун шуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ