Бе ду вояи ваксина ба ҳаҷ роҳ дода намешавад
Вазорати ҳаҷҷи умраи Арабистон эълон кард, ки иҷозатномаи ҳаҷ танҳо ба нафароне дода мешавад, ки ду вояи ваксинаи мавриди таъйиди саудиро дошта бошанд
Арабистони Саудӣ шарти ҷадид барои зоирини хонаи Худо гузошт, хабар медиҳад Алъолам.
Ба иттилои манбаъ, ин кишвар дар асоси дастурамали Вазорати беҳдошти Арабистон ва ба хотири ҳифзи саломатии зоирин, шартҳои нав ба роҳ мондааст.
Ҳаминтавр, Вазорати ҳаҷҷи умраи Арабистон эълон намудааст, ки иҷозати зиёрати хонаи Худо танҳо ба нафароне дода мешавад, ки ду воя ваксини таъйиди ин кишварро дошта бошанд.
Зикр гардидааст, зоироне, ки
муҷаввизи адои маносики умра, намоз ё зиёратро дарёфт намудаанд ва аммо ду воя
воксан нагирифтаанд, барои ҷилавгирӣ аз лағви муҷаввизи адои маносик бояд вояи
дувумро 48 соат пеш аз судури муҷаввиз дарёфт кунанд.
Арабистон пештари адои маносики ибодӣ дар Масҷидулҳаром ва Масҷидун-набиро
танҳо машрут ба дарёфти воксани мавриди таъйиди ин кишвар карда буд .
Бар асоси гузориши бархе манобеи хабарӣ мақомоти ин кишвар рӯзона 60 ҳазор ва моҳона тақрибан 2 миллион зиёраткунандаро қабул мекунанд.
Ба далели авҷи бемории коронавирус, Арабистон аз қабули зоирони 33 кишвари ҷаҳон барои адои маносики Ҳаҷҷи умра худдорӣ карда буд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ