Бе «фар» ва «ниё»: Чаро САҲШ талаботи қонунро сарфи назар мекунад?
Сокинони кишвар аз он шиква мекунанд, ки дар Идораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ҳуқуқашон поймол мешавад ва онҳо наметавонанд пасвандҳои насабсози муқаррарнамудаи қонунро ба фарзандонашон интихоб намоянд.
Сокинони кишвар аз он шиква мекунанд, ки дар Идораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ҳуқуқашон поймол мешавад ва онҳо наметавонанд пасвандҳои насабсози муқаррарнамудаи қонунро ба фарзандонашон интихоб намоянд.
Шаҳрвандон шикоят доранд
Бузургмеҳр Ҳалимов, истиқоматкунандаи ноҳияи Деваштич мегӯяд, ки кормандони САҲШ ба ӯ гуфтаанд, ки фақат пасванди насабсози «-зода»-ро барои ному насаби духтараш истифода барад:
«Ба ман пешниҳод карданд, ки ному насаби духтарамро Ҳалимзода Фирӯзаи Бузургмеҳр гузорам, ҳол он ки ман Ҳалимӣ Фирӯза Бузургмеҳр, яъне пасванди насабсози «-ӣ»-ро интихоб кардам. Онҳо мегӯянд, ки қонун иҷоза намедиҳад, ки аз пасвандҳои дигар истифода барам ё «-зода»-ро интихоб кунед ё умуман бепасванд Ҳалим Фирӯза Бузургмеҳр гузоред, мегӯянд онҳо».
Ҳамчунин, як шикояти дигар аз номи сокини ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, Мусофир Валихоҷаев ворид гардидааст, ки дар он низ аз маҳдудияти ному насабсозӣ изҳори нигаронӣ мешавад.
«Ман соҳиби духтарча шудам ва хостем ӯро Бобуна ном гузорем. Вақте ба идораи САҲШ муроҷиат кардем, гуфтанд, ки номи Бобуна дар феҳристи номҳои тасдиқнамудаи Кумитаи забон ва истилоҳоти кишвар мавҷуд нест ва мо ҳақ надорем ин номро ба фарзандамон гузорем. Баъди ин мо ба хулоса омадем, ки номи духтарамонро Мавзуна гузорем. Вақте дуюмбора ба САҲШ муроҷиат кардем, онҳо гуфтанд, ки ному насаби духтарамонро Валихоҷазода Мавзунаи Мусофир монем. Ман ба онҳо гуфтам, ки ин ному насаб тӯлонӣ аст ва баъдан пасванди «-и» дар ном зиёдатӣ буда, хориҷиҳо баъдан ӯро Мавзунаи гуфта муроҷиат мекунанд. Пешниҳод кардам, ки ному насаби фарзандамро Валихоҷа Мавзуна Мусофир ё Вализода Мавзуна Мусофир нависанд, аммо онҳо боз ҳам фикри худро бор карданӣ мешуданд»- менависад, Мусофир Валихоҷаев.
Ҳамчунин, ин сокини шаҳри Душанбе аз он изҳори нигаронӣ мекунад, ки кормандони САҲШ меъёрҳои гузоштани ному насабро намедонанд ва ба сокинон фаҳмонида наметавонанд.
Пажӯҳишгари решаҳои забони тоҷикӣ Умед Ҷайҳонӣ мегӯяд, ки «-ӣ», «-иён», «-зод», «-зода», «-ванд», «-нажод» пасвандҳои насабсози забони тоҷикӣ буда, кормандони сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ҳақ надоранд, ки монеи онҳо шаванд ва ё барои интихоб шаҳрвандонро маҷбур намоянд.
САҲШ хилофи қонун
Саодатшо Матробиён, муовини аввали раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, ки монеи интихоби пасвандҳои насабсоз шудани кормандони САҲШ хилофи қонун аст.
Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» 9 пасванди насабсоз омадааст, ки шаҳрвандони кишвар метавонанд ба роҳатӣ онро интихоб намоянд,- гуфт Матробиён.
Дар банди 4-уми моддаи 20-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон«Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ», ки аз 15. 03. 2016 қабул шудааст, омадааст:
«Насаби шахс тибқи анъанаҳои миллии тоҷикӣ метавонад аз номи падар ё решаи насаби ў бо иловаи пасвандҳои насабсози -ӣ, -зод, -зода, -он, -ён, -иён, -ёр, -ниё, -фар ташаккул ёбад. Насаби шахс, ҳамчунин метавонад аз номи падар ё решаи насаби падар ё модар бе илова намудани пасвандҳои насабсоз ташаккул ёбад». Дар банди ҳафтуми ин мода бошад, гуфта мешавад, ки дар «насаб ва номи падар такроран истифода бурдани як пасванд, инчунин истифодаи як ном бе иловаи пасванд ҳам дар ташаккули насаб ва ҳам дар ташаккули номи падар манъ аст.»
Яъне, қонун интихоби насаби тоҷикиро ба шаҳрвандон маҳдуд накардааст.
Аз Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ мегӯянд, ки САҲШ бояд мувофиқи муқаррароти қонун амал карда, набояд монеи интихоби шаҳрвандон шаванд ва ё онҳоро маҷбур кунанд.
Масъалаи баргаштан ба ному насаби тоҷикӣ солҳои охир ба миён омад ва боиси сарусадои зиёде ҳам гардид. Зеро бародари калонии Тоҷикистон Русия намехост, ки «-ов», «-ова», «-вич» ва «-овна» аз насаби тоҷикон ҳазф шавад. Бинобар ин, фишорҳои зиёде ҳам аз ҷониби ин кишвар болои муҳоҷирони мо сурат гирифт.
Аввалин нафаре, ки аз мансабдорони воломақом насаби худро тоҷикӣ кард, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аст, ки қаблан Раҳмонов Эмомалӣ Шарифович буд. Даст кашидани Эмомалӣ Раҳмон аз насаби русӣ сарусадои зиёдеро ба бор овард ва матбуоти Русия ӯро маҳкум ҳам намуданд. Бо вуҷуди ин, Президенти мо аз раъйи худ нагашт ва ҳамин тавр мансабдорони дигар ӯро пайравӣ карданд.
Соли 2016 бошад, билохира қонуне қабул шуд, ки шаҳрвандонро барои гирифтани насабҳои тоҷикӣ муваззаф мекард.
Бо вуҷуди ин, Вазорати адлияи кишвар мегӯяд, ки гузоштани насаби тоҷикӣ иҷборӣ нест. Ҳамчунин, ин қонун гузоштани номҳои «барои фарҳанги мо бегонаро», аз қабили номи ашё, мол, ҳайвонот ва парандагон, инчунин ном ва ибораҳои таҳқиромез, ки шаъну шарафи инсонро паст мезананд ва одамонро ба табақаҳо ҷудо менамоянд, манъ кард. Ба номи шахс илова кардани тахаллусҳои «мулло», «халифа», «тўра», «хоҷа», «хўҷа», «шайх», «валӣ», «охун», «амир», «сўфӣ» ва ба инҳо монанд низ манъ карда шуд.
Яъне, шаҳрвандони кишварро мебояд, ки барои гузоштани ному насаб ба фарзандонашон нахуст ба феҳристи номҳои миллӣ назар кунанд ва баъди ин аз байни 9 пасванд мақбули дилашонро интихоб карда, ба фарзандонашон гузоранд.
Одил Нозир,
«Тоҷикистон»
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ