Беҳноз Рустамӣ (Шаҳпар) – Эрон

Бозии хун…

Ин рўзҳо ранҷи Аҳуроро… саранҷом!

Аҳриманиҳои Зулайхоро… саранҷом!

Дар оташи ғайрат нишастам то ки шояд,

Болу пари Қақнуси фардоро саранҷом!

Ин гўю майдону лаби чавгони ваҳшӣ,

Бозии хун бо қалби Лайлоро…саранҷом!

Хонатаконӣ мекунам дар хотиротам,

Шояд, ки он чашми фиреборо… саранҷом!

Бе нохудо гирдоб меборад дамодам,

Дасти ману ғавғои дарё саранҷом.

Оғўши одам мечакад аз оташи себ,

Шуъла занад домони Ҳаворо…саранҷом!

Дар охарин фасли убураш хонае, ки…

Айвону ишқи бешикеборо… саранҷом!

***

Ҳаргиз…

Пероҳани урёни ман то бистари хомўш,

Дардкунии он бидуни номи Дақёнус.

Шаб мевазад дар кўлабори фасл то фардо,

Мерасад рўъёи моҳиҳои уқёнус.

Кобус ҳам овози ҳар рўзи ману шеър аст,

Яъне ки даруни пилаи хушкида.

Сард аст ин ҷо, осмон оғўши худро бурд,

Эй дар ҳазору як шаби «Шаҳзод» пўсида.

Он «моҳ дар мани мурда» ҷавлон медиҳад, яъне,

Шиюнкунон то буқи саг ҳам бистари дард аст.

Гул мекунад дар умқи чашми оташи биркаи бе моҳ,

Яъне паланги бешааш меҳмони шабгард аст.

Ифритии ҷоду нишаста дар дили ҷангал,

Лаб бар лаби зебои хуфтаи бўсае то марг.

Ин ҷо ҳинобандони мулки бе худованд аст,

Афсўс сад пойизи савдозадаи бе барг.

Гесў парешон мекунам дар пойдории субҳ,

Яъне ки доман мекашам оғози рафтанро.

Ман мондаму садҳо, худоё то саҳар бедор,

Кил мекашад то искелеи овози рафтанро.

Байте, ки мехонад ғами дари ҳанўзам ку?

То нимашаб дар фоли финҷон зор мегиряд.

Чашме бигардон, эй тамоми ман тамоми ту,

Байтулғазал дар пойи ту ин бор мегиряд.

Ин қиссаи такрори шабҳои хурўшон аст,

Шамъе, ки месўзад нигоҳи охиринатро.

Лабханди гирёни ману як хонае ҳаргиз…

Шеъре, ки мехоҳад ҳузури оташинатро…

***

Сукути барраҳо…

Бе нохудо хурўшиду меларзад тани соҳил,

Бар аршаи хунини шабҳои қашанге, ки…

Тан буду мавҷи бўсаҳои хушки пинҳонӣ,

Бар қомати гулбадани ҳарами қашанге, ки…

Чине, ки бе домани шикасту рехт дар бистар,

Ғавғои марде бехудо то интиҳои куфр.

Бе чашму чашмаи ғусли тамъиду вузўи марг,

Дар авҷи ларзишҳои як … то ибтидои куфр.

Бар арша метобид нури хастаи оғўш,

Сар дар фарози синаҳо лағзонтар аз моҳӣ.

Дар бориши тафтидаи чашмаш ғурўре, ки…

Мерехт дар пойи убураш гоҳу бегоҳе.

Дарди сукути дорҳои аввали субҳ аст,

Он чӣ ки лойи устухони синаи пинҳон буд.

Хокистари оғўши нимасўхта то баъд…

Лабташтатар аз ғурриши пайдои борон буд.

Хуршед механдад миёни бистари урён,

То нохудо дар худ бигирад фоли корашро.

Лаб бар лабу тири халосу дарди буғзе, ки…

Ҳак мекунад бар холи халхолаш саволашро.

Ў меравад то интиҳои хастаи дишаб,

Пойи арақҳои ба хок оғўштаи ҳар рўз.

Сар мекашад хунобаи дар худ шикастанро,

Марде, ки меборид чун абри хазони дирўз.

Шаб мекашад бар теғаи хуршеди ҷисмашро,

Моҳе, ки дар домони биркаи сер мегиряд.

Сар мерасад таърихи ишқу қиссаи ялдо,

Имшаб худои ишқ ҳам дар хеш мемирад…

بهناز رستمی (شهپر) – ایران

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *