Беҳрӯз Мирзоев аз журналистон мегурезад?
Беҳрӯз Мирзоев дар як муддати кӯтоҳ бо сурудҳои дилнишинаш азизи дили пиру барно гаштааст. Ӯ ҳамагӣ 23 сол дорад, вале аллакай дар ҳама ҷашну маҳфилҳо болонишин аст. Сабаби ба зудӣ муваффақ гаштани Беҳрӯз дар услуби сарояндагии ӯст.
Ин ҷавони боистеъдод дар ҳунар ба касе пайравӣ намекунад. Беҳрӯз услуби хоси худро дорад ва мехоҳад дар пайроҳаи пурпечутоби санъат роҳи худро боз намояд. Роҳе, ки танҳо ба Беҳрӯз Мирзоев хост аст. Сурудҳои “Гиря макун”, “Захми дил” ва “Нилуфар”-и Беҳрӯз дили ҳазорон-ҳазор ошиқони савту наворо ба хурӯш овардаанд, аз ин ҷост, ки ҳамарӯза ба идораи “Оила” занг зада, дар бораи Беҳрӯз мепурсанд. Бо хоҳишу дархости ҳаводорони ҳунараш мо бо ин ҷавони хушсалиқа ҳамсуҳбат гаштем.
Дар боби ишқу муҳаббат
-Беҳрӯз, мегӯянд, ки суруди “Нилуфар”-ро барои як зани сарватманде, ки бар ивазаш ба шумо мошини қимматбаҳо туҳфа кардааст, сурудаед. Ин гап рост аст?
-Ман ба пулу пайсаи Нилуфарҳо ниёз надорам ва то имрӯз ягон Нилуфар ҳам ба ман мошин туҳфа накардааст. Ин ҳама танҳо овозаи мардуми ҳангоматалаб аст. Суруди “Нилуфар”-ро дар васфи як гули хушбӯи баҳорӣ сурудам.
-Наход то имрӯз ягон бойдухтар ба чунин ҷавони зебою ҳунарманд ошиқ нашуда бошад?
-Бойдухтарҳои ба қавли худашон “ошиқи зор” хеле зиёданд, вале ман вақти бо онҳо сару кор гирифтан надорам.
-Чаро?
-Аз пушти духтарҳо давида гардам, санъатам қафо мемонад. Барои ман санъат дар ҷойи аввал меистад, аз ҳамин хотир ба сӯзу гудози духтарҳои Лайлимиҷоз аҳамият намедиҳам.
-Бо кадом баҳона аз духтарҳои дилдода ҷонатонро халос мекунед?
-Эҳсос намоям, ки духтаре танҳо ҳамчун мухлис бо ман суҳбат кардан мехоҳад, бародарвор ҳамроҳаш гап мезанам, вале риштаи суҳбатро ба ишқу ошиқӣ барад, рақамҳояшро ба “чёрний список” мепартоям, то ки баҳудаю беҳуда занг зада, ҳам худаш ва ҳам маро асабонӣ насозад.
—Дар кадом як рӯзномае хондам, ки Беҳрӯз Мирзоев дар ҷустуҷӯи духтари хона аст. Ба наздикӣ тӯй доред? Духтарҳои ошиқро аз тарси янга ба “чёрний список” мепартоед, ки баҳудаю беҳуда занг зада, шуморо бо арӯсатон ҷанг наандозанд?
-Рӯзноманигоре, ки ин гапро навиштааст, ба таври худ “сенсатсия “ кардан хостааст, то ки газета ба фурӯш равад. Наход ман шарм надошта гӯям, ки зан кофта истодаам? Айб аст охир! Фикри зангирию тӯй ҳоло аслан дар сари ман нест, аз ҳамин хотир, намехоҳам ягон касро беҳуда умедвор созам.
Ибтидои роҳ
-Беҳрӯз, то ҷое ки ман медонам, шумо дастпарвари гурӯҳи овозадори “Анис” ва ҷияни Азизовҳо ҳастед. Дар пешрави ҳунаратон саҳми кадом тағоятон бештар аст?
-Дастгирии тағои шодравонам Зулфиқори Азиз буд, ки ман суруди аввалини хешро аз эҷодиёти он кас сароида, муваффақ гаштам. Имрӯзҳо бошад, тағоям Вайсиддини Азиз ба ман кӯмак мерасонанд ва ман худро шогирди вафодори ин марди ҳунар мешуморам, чунки тамоми нозукиҳои ин пешаро маҳз аз ҳамин кас омӯхтам.
-Матни сурудҳои Беҳрӯзро кӣ менависад?
-Бародари қадрдонам Фурқати Низом, ки хеле қалами тез дорад, матни 5 суруди ба қавле “популярний” шудаи маро навиштааст. Таронаҳои “ Бо ту хубам”, “Иштибоҳ”, “Дурӯғгӯ”, “Нилуфар” ва “Садоямро нашнидӣ” моли ҳамин бародари қаламкаш аст.
-Барои суханони дилнишинаш чӣ қадар маблағ талаб мекунад?
-Фурқат то имӯз барои шеърҳояш агар аз ман як сомонӣ талаб карда бошад, кӯр шавам! Мо бародар ҳастем ва боварӣ дорам, ки то охири умр дӯстони қарин мемонем.
—Мо бародар ҳастем гуфтеду бародаратон Муслиҳиддин ба ёдам расид. Суруди “Модар” Муслиҳиддинро азизи дили мардум гардонда буд, вале баъди ин суруди дилнишин якбора аз саҳна гум шуд. Чаро?
-Муслиҳиддин мактабро хатм намуд ва рӯзи 13-уми август барои идома додани таҳсилаш ба Амрико сафар мекунад. Вай бояд аввал илмҳои замонаро омӯхта, баъд бо санъат машғул шавад.
Аз дӯст як ишора…
—Бисёриҳо мепурсанд, ки барои чӣ Беҳрӯз садои хуш дораду сурудҳои шӯхи тӯёна намехонад.
-Таронаҳои ором сурудан услуби хоси ман аст. Мехоҳам дар санъати тоҷик навоварӣ намуда, аввалин касе бошам, ки бо ин усул месарояд. Ин роҳро пеш гирифта, ман аллакай ҳам ба худ ва ҳам ба дигарон исбот намудам, ки дар саҳна гулӯ даронда дасту по кӯфтан шарт нест, ҳунарманд метавонад оромона суруд хонда ба дили мардум роҳ ёбад, агар воқеан истеъдод ва овоз дошта бошад.
-Ман танҳо сурудҳои ором месароям мегӯед, вале чанд рӯз пеш дар тӯйи актёри варзида Ортиқи Қодир бо таронаҳои шӯхи рақсиатон чунон базмро гарм кардед, ки аз рақсидан дасту пойи тамоми меҳмонони маҳфил ба дард даромад….?
-Шумо журналистон поида мегардед, ки кадом сароянда дар куҷо чӣ хонд ё чӣ кор кард?! (Механдад). Устод Ортиқи Қодир бо мо хешу таборанд, аз ҳамин хотир, барои обод кардани маҳфилашон чанд таронаи шӯхи табрикотӣ хондам. Бузургон “Аз дӯст як ишора, аз мо ба сар давидан” гуфтаанд охир….
—Яъне, тӯйгардӣ ҳам мекунед?
—Айни замон танҳо ба табрикот рафта чанд тарона мехонаму халос, вале ният дорам, ки дар оянда репертуари сурудҳои тӯёнаи худро бойтар намуда, маҳфилорои базмҳои мардум бошам.
Аз консерватория ба консерватория
-Беҳрӯз, шунидем, ки шумо боз ба консерватория дохил шудаед. Аллакай як маротиба онро хатм намудед. Магар як диплом кифоя набуд, ки дубора ҳуҷҷатҳоятонро ба ин даргоҳ супоридед?
-Рости гап ман як сол пеш дипломи Консерваторияи Миллии ба номи Талабхӯҷа Сатториро гирифта будам. Ромизи Парвиз, Меҳринигори Рустам ва Манучеҳри Баҳрулло ҳамсабақони банда буданд. Барои ба орзуи ниҳоии дилам расидан боз ҳуҷҷатҳоямро ба ин даргоҳи ҳунар супурдам ва акнун дар бахши аввали шуъбаи “коргардони овоз” таҳсил мекунам.
-Имрӯзҳо қариб нисфи ҷавонони навхат шефтаи садои Беҳрӯз Мирзоев ҳастанд. Худи шумо мухлиси кадом сарояндаед?
-Ман сурудҳои сарояндаи эронӣ Нӯшофаринро аз кӯдакиям дӯст медоштам, аз ҳамин хотир баробари санъаткор шуданам таронае бо номи “Нӯшофарин сурудам.
Дар боби дӯстӣ ва ҳамкорӣ
-Аз сарояндаҳои тоҷик киро меписандед ва бо киҳо дӯстӣ доред?
-Ҳар кӣ як зарра ҳунар ва истеъдод дорад, ман дӯсташ медорам ва эҳтиромашро ба ҷо меорам. Дар боби дӯстӣ бошад, бо Шабнами Сурайё, Баҳроми Ғафурӣ, Ҳабиба Давлатова, Ситораи Кароматулло, Зулайхо Маҳмадшоева ва Меҳринигору Мино пайваста дар суҳбат ҳастем ва аксаран маҳфилу чорабиниҳоро якҷоя обод менамоем. Дӯстони дерина ҳастем гӯям, хато намешавад.
—Гуфтагӣ барин, чанд рӯз пеш шуморо ҳамроҳи Шабнами Сурайё дар як студияи сабти овоз дидам. Магар бо супер-ситораи эстрадаи тоҷик дуэт месароед? Дили Шабнамро чӣ хел ёфтед?
—Рустамҷон, бигзор ин сюрпризи ману Шабнам ба мухлисон гардад!
“Фиғони қалб”-и Беҳрӯз
-Мегӯянд, ки дар бозорҳои шаҳр албоми сурудҳои шуморо пайдо кардан мушкил аст, чунки харидоронаш зиёданду ба зудӣ дӯконҳоро холӣ мекунанд. Мардум мехоҳанд албомҳои Беҳрӯз Мирзоев бо тиражи калон ба фурӯш бароянд, то тамоми мухлисон имкони дастрас намудани таронаҳои дилписанди худро дошта бошанд…?
-Ин суханро борҳо ба худам низ гуфтаанд. Ба наздикӣ албоми сеюми банда бо номи “Фиғони қалб” бо тиражи калон ба фурӯш мебарояд.
-Шунидем, ки хоҳиши мухлисонатонро ба назар гирифта, дар Амфитеатр консерти алоҳида баргузор намуданиед?
-Насиб карда бошад, консерти банда дар Амфитеатр зинда мегузарад.
-Аксари сарояндаҳо ҳатто бо фонограмма бо тарсу ларз баромада мекунанд, шумо бошед, консерти зинда медиҳам мегӯед…?
-Ман ба ҳунару истеъдоди худам боварӣ дорам. Садриддини Наҷмиддин ва Валиҷони Азиз консерти зинда дода, хотири мардумро шод гардонда буданд, ман ҳам мехоҳам мухлисонамро хурсанд созам!
Сармасти шароби ҳунар
-Баъзе сарояндаҳо ҳатто дар тӯю маъракаҳои мардум нӯшокиҳои махсуси дилхушкунандаеро “заказ” мекунанд, ки дӯст медоранд. Шумо бештар чӣ менӯшед: шароб, коняк ё… ?
-Ман умуман ягон намуди нӯшокии спиртиро ба даҳонам намебарам. Ҳофиз бошам ҳам, 5 вақт намоз мехонам. Дар умрам на шароб нӯшидаам, на коняк ва на ягон номаъқулии дигар кардаам.
-Ба назар як ҷавони мағруру ҳавобаланд менамоед, вале баъди бо шумо аз наздик ошноӣ пайдо намудан дарёфтам, ки….
-Чандон бачаи бад набудаам? Бахшиш, ки пеши гапатонро гирифтам. Бисёриҳо мегӯянд, ки чеҳраат бисёр “грубий” аст ва одамро гурезон мекунад, вале дар асл чунин нест. Ман табиатан бачаи камгапу ҷиддӣ ҳастам, бо ҳар кас дӯстӣ намекунам, беҳудаву баҳуда намехандам, аммо дасту дилам тоза аст. Ба баду неки касон кор надорам.
—Дар охир ба мухлисонатон чӣ гуфтаниед?
-Хоҳони онам, ки мардуми санъатдӯсти тоҷик ҳамеша саломат бошанд ва аз фазои кошонаҳояшон танҳо садои мусиқию суруд ба гӯш расад. Омин!
Суҳбаторо: Рустам Азимӣ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ