“Бе Зебо “Зебо” набуд”. Зебо Аминзода 70 сола шуд

“Бе Зебо “Зебо” набуд”. Таҳти ин унвон дар Душанбе китбе ба нашр расид, ки ба ҳаёт ва фаъолияти Ҳунарпешаи халқии СССР,  Зебо Аминзода бахшида шуда ба 70 солагии мавлуди устоди санъати рақси тоҷик бахшида шудааст. Китобро журналист Раҷаби Мирзо таҳия намуда, дар он мақолаҳои солҳои гуногун гирдоварӣ шудааст. Дар зер, як пораи ин китобро ба муносибати ҷашни Зебо Аминзода пешкаши шумо мегардонем.

ДАФТАРИ АВВАЛ

ЗИНДАГИНОМАЕ БО 11 ҶУМЛА

«Фардо шогирди дина аст”

Сур Публий

Зебо Муҳиддиновна Аминзода – раққоса ва балетмейстери тоҷик. Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон (1980), Ҳунарпешаи халқии ИҶШС (1986). 3 октябри 1948 дар Душанбе таваллуд шудааст.

Хатмкардаи Омӯзишгоҳи хореографии Маска дар назди Театри калони ИҶШС, Мактаби олии рақсу хореографияи Тошканд ва Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Хуҷанд.

Солҳои 1965 – 1978 — ҳунарпешаи Театри мусиқиву драмаи ба номи А. Пушкин.

Солҳои 1978 – 1993- роҳбарии бадеӣ ва сарбалетмейстери ансамбли рақсии «Зебо»-и Кумитаи давлатии телевизион ва радиои Тоҷикистон.

Ансамбли ӯ тайи якчанд сол на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар ҳудуди собиқ ИҶШС ва берун аз он машҳур гардида, дар бисёр кишварҳои ҷаҳон: Афғонистон, Булғория, Англия, Люксембург, Белгия, Шотландия, Чехословакия, Непал, Тунис, Япония, Испания, Ҳиндустон ва ғайра ҳунармандӣ кардааст.

Ансамбли мазкур барандаи мукофоти Комсомоли ленинӣ гардида, соли 1986 роҳбарии он унвони фахрии Ҳунарпешаи мардумии ИҶШС-ро касб кардааст.

Солҳои 1993 – 1996 – раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии Ширкати байналмилалии радио ва телевизиони «Мир», солҳои 1996 – 2003 – мушовири ШБРТ «Мир», баъд мушовири Кумитаи иқтисодии байнидавлатии Иттиҳоди иқтисодии ИДМ.

Соли 2012 ба ватан баргашт ва дар Хуҷанд мактаби рақсии худро таъсис дод.

Соли 2014 бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои эҳёи ансамбли рақсии «Зебо» ба Душанбе омад.

Соҳиби се писар ва ҳафт набера аст.

Ин шарҳи ҳоли кӯтоҳи ӯст. Онҳое, ки борҳо Зеборо дар саҳнаву телевизиону радио ва сафҳаҳои матбуот дидаанд, ё ҳатто аз рӯи овозаҳо мешиносанд, фикр мекунанд ин одами машҳур роҳи хеле ҳамвор доштаву ҳамеша, он тавре дар ин мавридҳо мегӯянд, «болои даст будааст”.

Аммо ин 11 ҷумла, ки гӯиё зиндагиномаи Зебо Аминзодаро инъикос намудааст, медонед дар худ чӣ дошту дорад?

Посухи инро ба ғайр аз худи ӯ касе бештар аз рӯи инсоф, боадолатона ва дуруст намедонад. Пас чаро аз худи ин шахсият дар ин маврид пурсон нашавем? Хоса, вақте барои ин баҳонаи зебое ҳам дорем: имсол Зебо Аминзода 70 сола шуд!

Ва мо ҳам рафтем суроғи ӯву пурсидем, ки зиндагиаш чӣ дошту чӣ не?

Вале пеш аз он ки ӯро бигзоштем, ба саволҳои дигарамон ҷавоб бигӯяд, аз Зебо пурсидем: Саволи душворе, ки аз суҳбати мо интизор дорад, кадом аст?

ДАФТАРИ ДУВВУМ

САВОЛИ ДУШВОР

«Худат бош! Нақшҳои дигар аллакай банданд…”

Оскар Уайлд

«Шояд Шумо бовар намекунед. Аммо воқеият ҳамин аст, ки мушкилтарин савол барои ман як аст: РАҚС ЧИСТ?

Медонед ин бардошт кай дар вуҷуди ман пайдо шуд? Боре, солҳои хеле пеш, ҳангоми яке аз сафарҳои ҳунарӣ, дар фуроварди консерти ансамбли мо, шахсе назди ман омада, ё аз кунҷкобӣ ва ё аз санҷиш бошад, ки ҳамин суолро пеш гузошт.

Ман ба андеша фурӯ рафтам. На, дар посух оҷизӣ намекашидам. Танҳо бароям аҷиб буд: наход тамоми зиндагиамро ба рақс бахшида бошаму маънии онро надонам? Пас ин шахс аз ман чӣ мехоҳад? Шояд, дар ҳақиқат, мардум фикр мекунанд рақс кардан кори ниҳоят осон аст? Ё, эҳтимолан, одамон хаёл намоянд, ки рақс танҳо аз ҳаракатҳои мавзун ва табассуми духтарони зебо иборат аст, ки бинанда аз ҷилваи онҳо ба ваҷду изтироб меояд?

Он замон ба суоли он шахс кӯтоҳ посух додам:

— Рақс ҳусни зиндагист! Зебогии онро тараннум ва муҷассам месозад.

Баъд барои посух ба ин савол зиёд фикр кардаам… Чун барои ман ва шогирдонам на танҳо ҳар як рақс, балки ҳар як ҳаракат, имову ишораи он бе маънову бе мазмун набуд. Ниёгони мо аз қадимулайём дар санъати рақс ифодаи руҳ, таҷассуми печутобҳои зиндагӣ, баёни орзуҳо, розкушои дилҳоро медиданд. Ман ҳам, ки аз аввал раққоса будам, ба худ ин маъниро дарёфтам ва ҳоло низ, ки ба ансамбли рақсӣ роҳбарӣ мекунам, дар рақси ҳар як шогирди худ маънӣ, панду андарз, паём ва ҳусну таровати зиндагӣ меҷӯям!

Фикр мекунам офарандаи рақс мисли шоир бояд бошад. Ман аз рӯзгори падарам – шоир ва яке аз ҳамкорони доимии театри тоҷик Муҳиддин Аминзода медонам, ки шоирон, барои он ки шеърашон сустниҳод ва камарзиш набошад, чӣ қадар азобҳои сангин мекашанд, баъзан моҳҳо ва ҳатто солҳо сари як мисраъ майна об мекунанд. Рақс ҳам, дар назари ман, бояд шеъри равону пурмазмун ва ҳикояти ширини ҳаётӣ бошад.

Мақсади ман аз ибтидо, ки санъати рақсро барои худ пеша ва ҳатто ишқ интихоб кардам, як буд: нишон дода тавонистани шарму ҳаё, малоҳат ва шукуҳи зани тоҷик дар рақсу саҳна!

Мо дер боз орзу мекардем, ки рақси миллии худро пайдо кунем. Аз ҷаҳиданҳои беҳуда ва тохтутозҳои рӯи саҳна озод гардидем. Дар санъати мо рақсҳое пайдо шуда буданд, ки дар як зарби доира саҳнаро сад бор гирд гаштан мумкин буд. Аз як рақс тамоми ҳаракатҳо ва элементҳои рақсҳои тамоми халқҳоро дарёфтан имкон дошт.

Фикр мекунам, ки инро рақсҳои ансамбли «Зебо» исбот кард. Зеро, тавре коршиносони сатҳи баланд иқрор шуданд, дар ин даста мусиқиву суруду рақс ба ҳам омаданд, се унсур ягона гардид, пайванди узвҳои раққосаҳо ба пайванди мусиқӣ ва тактею рукнҳои суруд даромехт.

Бо ин вуҷуд, фикр намекунам, ки ба ҳамин саволи душвор посухи мушаххасу қотеъ дода бошам: РАҚС ЧИСТ?”

ДАФТАРИ СЕЮМ

САФАРИ ҲУНАРӢ ДАР ШАШСОЛАГӢ

«Шуҳрати олитарин он гоҳ ба даст намеояд, ки иштибоҳ накунӣ. Ба он вақте муяссар мегардӣ, ки ҳар гоҳи афтидан, аз ҷо баланд шуда тавонӣ!”

Конфутсий

» Тасаввур намоед, ба саволи дар боло гузошташуда мане ҷавоби рӯшан дода наметавонам, ки агар бигӯям меҳри ҳунар бо шири модарам ба вуҷуди ман ворид шудааст, шояд муҳобот набошад. Чунки ман дар оилаи санъаткорон ба дунё омадаам ва аз ин хусус борҳо дар матбуот чоп шудааст. Рақси аввалинамро хуб дар хотир дорам, ки он «Танавор» буд. Ман ин рақсро дар синни шашсолагӣ омӯхта будам. Дар ин синну сол дар «барномаам» (агар чунин гуфтан ҷоиз бошад), аллакай се рақс — «Танавор», «Хоразмча» ва рақси ҳиндӣ буд. Дар ҳайати дастаи консертӣ ман бо ин рақсҳо дар назди деҳқонону коргарон, зиёиёну бинокорон ҳунарнамоӣ мекардам. Аҷибаш он буд, ки ба суроғи ман намояндагони колхозу совхозҳо ба театр меомаданд, то ки ман боз дар назди аҳли меҳнат ба «сафари ҳунарӣ» равам.

Тавре гуфтам, ман дар оилае, ки санъатро қадр мекунанд, ба дунё омадаам. Падарам Муҳиддин Аминзода дар баробари шоирӣ мусиқиро хеле дӯст медоштанд ва қариб тамоми асбобҳои мусиқиро навохта метавонистанду дар мактаби мусиқии Ленинобод дарс мегуфтанд. Нотаҳои мусиқиро хуб сарфаҳм мерафтанд.

Модаркалону модарам — Артисткаҳои халқии Тоҷикистон – мураббию устодони аввалини ман буданд. Модаркалонам Кароматхон Зокирова ҳанӯз аз замони таъсисёбии Театри мазҳакаву мусиқии Ленинобод дар он кор карда, сар то сари мамлакат бо номи «Тамарахонуми дуюм» машҳур гашта буданд. Он кас аз рақс ба санъат ворид шуда бошанд ҳам, баъдан дар саҳнаҳо нақш низ бозидаанд. Мутаассифона ҳунари рақсии он касро ман надидаам, аммо ҳунари актериашонро борҳо шоҳид будам. Акнун тасаввур намоед, ки, агар духтарони мо ҳоло барои раққоса шудан, баъзан душвориҳо эҳсос намоянд, дар замони аввали ташкил шудани дастаҳои рақсӣ ва шакл гирифтани рақси касбӣ чӣ қадар мушкилоти вазнинтар пеш меомад. Ман ба духтарони «Зебо” ҳамеша дар ин бора ёдовар мешавам ва мегӯям, ки танҳо азхудгузаштанҳо метавонад ба одам муваффақият биёрад…

Сипас модарам ба театри мазкур омаданд. Ба хотирам ҳаст, ки модарам ҳамроҳи бибам дар намоишномаи «Бой ва хизматгор” ҳамроҳ нақш бозида буданд. Модарам нақши Ҷамила ва бибиам нақши модари ӯро иҷро менамуданд.

Шояд таъсири онҳо бошад, ки ман тақдири худро ба санъат аз кӯдакӣ пайвастам”…

ДАФТАРИ ЧОРУМ

ДАР 9 – СОЛАГӢ ШОГИРДИ ОМӮЗИШГОҲ

«Ҳадафатро маълум намо. Василаҳо пайдо мешаванд!”

Маҳатма Гандӣ

«…Бахтам хандиду манро дар сини 9-солагӣ барои таҳсил ба омӯзишгоҳи хореографии Маскав фиристоданд. Ин солҳои 1958 то 1962 буд. Қиссаи ба ин омӯзишгоҳ дохил шуданам низ хеле ҷолиб аст. Дар сафари навбатии театр, ки мани 9 –сола бо модар ҳамроҳ будам, ба озмуни довталабон барои дохил шудан ба омӯзишгоҳи хореографии назди Театри калони шаҳри Маскав рост омад. Аз тамоми ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ тариқи озмун истеъдодҳои хурдсолро ҷамъ намуда, барои таҳсил ба ин даргоҳи ҳунар мефиристоданд. Ҳайати доварони душанбегиро ҳунармандони он замон номдор, аз ҷумла Ғаффор Валаматзода сарварӣ мекард. Шояд истеъдод ва маҳорати ман аз назари онҳо пинҳон намонд. Аз имтиҳон бомуваффақият гузаштам. Ҳамроҳи чанд тани дигар барои таҳсил ба Маскав рафтам. Устоди аввалинам дар жанрҳои классикӣ Елена Жемчужина буд, ки аз ӯ то охири умр миннатдорам. Маҳз тавассути он кас ман нозукиҳои касбии рақсро омӯхтам. Воқеан, дар Маскав бештар рақсҳои классикиро омӯхтам.

Вале дилам ҳамеша моили рақси тоҷикӣ буд. Рақси классикӣ, қадимӣ ва аврупоиро аз худ намуда, орзу мекардам, ки дар баробари онҳо нозукиҳои рақси миллиро омӯзам. Бо ин мақсад баъди андешаи зиёд бо хоҳиши худ ба Омӯзишгоҳи хореографии шаҳри Тошканд барои таҳсил рафтам. Устодони рақси миллӣ, санъаткорони асил ва шинохтаи ӯзбек Қундуз Миркаримова ва Мукаррама Турғунбоева, ки дар ин таълимгоҳ дарс медоданд, маро шукронаи Худо чун шогирди беҳтарин шинохтанд. Баъди 2 соли таҳсил дар ин омӯшишгоҳ нохост бемор шуда, дар беморхона бистарӣ гардидам. Духтурон бароям зиёд ҳаракат намуданро манъ намуда буданд. Пинҳон аз чашми табибон ҳар рӯз ҳангоми соати фароғат дар роҳрави дарози шифохона чархи зонуро машқ мекардам. Баробари як моҳи табобат ин ҳаракатро аз худ намудам”…

ДАФТАРИ ПАНҶУМ

ДУОИ УСТОДОН

«Оне, ки танҳо барои худ мезияд, барои дигарон кайҳо мурдааст”

Сур Публий

«Баъди хатми таҳсил маро ба ансамбли овозадори «Баҳор” –и Ӯзбекистон, ки дар сар то сари СССР маъруф буд, ба кор даъват карданд. Аммо гуфтам:

— Ман ба Тоҷикистон баргаштан мехоҳам!

— Ба ҳар ҳол каме дигар фикр кунед. Ин ансамбл дар саросари Иттиҳоди Шӯравӣ машҳур аст. Ҳар касро ҳам дар он ба кор намегиранд, — мегуфтанд устодонам.

Посухи ман онҳоро аввал шояд ба ҳайрат овард:

— Устодони гиромӣ, ман ба хотири омӯхтани рақси миллии тоҷикӣ ва ӯзбекӣ аз Омӯзишгоҳи Маскав ба ин ҷо омадам. Аз Шумо бисёр миннатдорам, вале мехоҳам ба Ватанам баргардам.

Устодон пас аз шунидани азми қавии ман илоҷе ҷуз дуо надоштанд. Дуое, ки фикр мекунам як ҳаёт маро раҳнамоӣ кард…”

ДАФТАРИ ШАШУМ

«КЕЛИН” –и МОДАР

«Одамон доим гуноҳро ба вазъият вомегузоранд. Ман ба нерӯи вазъият бовар надорам. Дар ин дунё одамоне ба муваффақият ноил мегарданд, ки шароити созгор барои худро меҷӯянд ва агар намеёбанд, онро худашон месозанд!”

Бернард Шоу

«Ҳамин тавр, ҳамчун соҳибкасб ба шаҳри Ленинобод баргаштам ва дар театри ин ҷо ба сифати раққоса — хореограф ба кор сар кардам. Дар театри ба номи Пушкини Ленинобод баробари рақсидан, дар спектаклҳо ҳам нақш меофаридам. Аввалин нақши бозидаам, нақши Нурхон аз драмаи «Нурхон» -и Комил Яшин буд. Ин нақш аз он хотир бароям азиз аст, ки онро модаркалонам солҳои 30-юм ва модарам солҳои 60-ум мебозиданд…

Дар маҷмӯъ, саҳнаи Театри ба номи Пушкин, ки ҳоло ба номи Камол Хуҷандист, бароям як мактаби дигар гардид. Ман дар ин ҷо дар намоишномаҳо нақш иҷро карда, дарк намудам, ки барои иҷрои ҳар рақс ҳунари нақшофаринӣ низ зарур аст. Охир, раққоса низ мисли ҳунарманди театру саҳна бояд вобаста бо оҳанг ва матни суруд симо ва чеҳраи худро тағйир диҳад. Барои ҳамин, дар чандин намоишномаҳо, аз ҷумла «Нурхон”, «Ҳалима”, «Паррандаи пойлуч”, «Заволи анъанаҳо” ва дигарон нақшҳои асосиро бозидаам. Аммо нақши дӯстдоштаам Ҳалима аст, ки маҷбуран ӯро ба марди калонсоле зани чорум мекунанд. Ҳалима ин ҳамаро тоқат карда наметавонад ва девона мешавад. Ин саҳна дар тасаввуроти мардум нақши ҷолиб гузошт…

Аслан, тавре гуфтам, кӯшиш мекардам дар саҳна низ нақшҳоеро офарам, ки ба рақс иртибот мегиранд. Дар саҳнаи «Лӯлиҳо” аз рӯи асари Пушкин нақши Азаро бозидам, ки ҷо –ҷо рақси ин мардумро анҷом медод. Дар бархе саҳнаҳо якбора се рақсро аз санъати халқҳои гуногун иҷро мекардам.

Ғайр аз ин, мо бо модарам аксар вақт дар спектаклҳо якҷоя мебозидем. Театр «Хушдоман» ном драмаи озариро ба саҳна гузошт. Ба модарам нақши хушдоман ва ба ман роли келинро доданд. Ҳамин тавр, хушдоман дар саҳна маро руҳану ҷисман азоб медод. То охир, гоҳе модарамро бо шӯхӣ «хушдоман» гуфта ҷеғ мезадам…”

ДАФТАРИ ҲАФТУМ

«ЗАНГ” –И ТАҚДИР

«Он, ки ба фикри фардо нест, ба ғами фардо гирифтор хоҳад шуд”

Гуфторе аз халқ

«Яке аз рақсҳое, ки дар Театри Хуҷанд ба саҳна гузоштаму маро ангуштнамо кард, «Занг» ном дошт. Он ҳикояти ширине аз назокату фатонати зани тоҷик мекард. «Занг» барҳақ занги аввалини мактаби эҷодии ман гардид. Баъд ин рақсро ба Фестивали 1Х умумиҷаҳонии ҷавонону студентон (1968) ба Булғория бурдам ва медали тилло мукофот гирифтам. Худи ҳамон сол бароям Мукофоти комсомоли ленинии Тоҷикистонро низ сазовор донистанд.

Қиссаи роҳхат гирифтанам ба Фестивали Булғория як умр дар хотирам хоҳад монд. Барои интихоб иштирокчиёни ҷавони озмун аз тамоми гӯшаву канори СССР дар Қасри маданияти ба номи Лихачёви шаҳри Маскав ҷамъ омада буданд. Чун навбат ба ман расид, зери садои дойираи Абдурауф Азаматов ба навои «Занг» ба рақс даромадам. Рақси миллии тоҷикӣ тамошобинонро мафтун кард. Чун рақс ба охир расид, ҳатто аъзои ҳакамон қарсак заданд! Ҳамон рӯз аз байни 150 нафар иштирокчиёни конкурс танҳо 5 нафар барои иштирок дар фестивали Булғория сазовор дониста шуданд, ки байнашон ману балерина Малика Собирова будем…”

ДАФТАРИ ҲАШТУМ

«ЗЕБО”-И «ТАСОДУФҲО”

«Боигарии ин дунё на он чизест, ки мегирем. Сарвати ҳамешагӣ он чизест, ки мо ба дигарон медиҳем”

Генри Уорд Бичер

«Бисёриҳо мепурсанд, ки ансамбли рақсии «Зебо” чӣ гуна пайдо шуд? Он, воқеан ҳам, бар асари як тасодуф рӯи кор омад, ҳарчанд ман низ шак дорам, ки танҳо тасодуф бошад. Ба ҳар сурат, фикр мекунам, Худованд ҳама сарнавиштҳоро тавассути чизе амалӣ меградонад. Аз ҷумла, ба воситаи он чи ки дар назарамон тасодуф менамояд…

Ҳич аз лавҳи хотирам дур намеравад. Ман вакили Анҷумани ХVIII –и ВЛКСМ, яъне комсомоли дар замони худ таъсиргузор будам. Вакилони тоҷикистонии ин анҷуман аз минтақаҳои Тоҷикистон бояд дар Душанбе ҷамъ меомаданд ва баъд ба Маскав мерафтанд. Қарор додам, чун фурсат доштам, барои пайдо кардани фонограмма барои рақсҳои навам, ки бояд ба Маскав мебурдам, сари қадам ба Хонаи радио дароям. Ногаҳон чашмам ба эълони озмуне афтод, ки дар он дар бораи ташкили ансамбли нави рақсӣ, ки ҳанӯз на ном дошту на раққоса, хабар дода мешуд. Дар берун гуруҳи духтарони зебоандомро дидам, ки дар саҳни назди Хонаи Радио навбат мепоиданд, то назди устодон имтиҳон супоранд. Баъди хеле андеша оҳиста рафтаму дари хонаеро, ки дар он аъзои ҳакамон нишаста буданд, ангушт задам. То ҳол намедонам ин чӣ қувва буд, ки мани эҳтиёткорро ба ин кор водор намуд, балки тела дод…

Чун акнун маро дар майдони санъати кишвар хуб мешинохтанд, аз ман хоҳиш шуд, ки дар қатори ҳакамон нишинаму ҳунари духтаронро бинам. Хаёл ҳам надоштам, ки дар сари роҳбарият чӣ андешаҳост…

Баъди бозгашт аз Маскав, моҳи июли 1978 раиси Комитети телевизион ва радиошунавонӣ Ғоиб Қаландаров маро назди худ хонда, вазифаи роҳбари бадеии ансамбли ояндаро пешниҳод кард. Гуфтам:

— Ин чӣ хел мешавад, муаллим, понздаҳ сол боз дар театри Ленинобод кор мекунам ва якбора…

— Дуруст, — суханамро бурид Ғоиб Қаландаров. – дар зиндагӣ кас бояд ҷустуҷӯ кунад ва худро дарёбад. Аминам, ки маънии худро ҷустуҷӯ карданро хуб мефаҳмед…

Дар посух чизе гуфтан душвор буд. Аз озмуни аввал бисту панҷ духтарро интихоб кардаанд. Боз ду маротиба конкурс эълон шуд. Озмунҳои навбатиро худам танҳо мегузарондам ва дар симои ҳар духтар кашфиёте меҷӯстам. Дар натиҷа, аз се озмун нуҳ нафар монданд ва ман маҷбур мешудам, ки сафи онҳоро худам пур намоям. Яъне дар аввал худам ҳамроҳи духтарон мерақсидам. Аммо дертар худам рақсиданро бас кардам.

Чаро?

Зеро, вақте худам ҳамроҳи духтарон мерақсидам, ман иштибоҳи онҳоро дида наметавонистам. Аз ин хотир, дертар, вақте ансамбл аз ҳисоби духтарони ояндадор пурра гардид, худи ман ҳамроҳ бо онҳо рақсиданро бас кардам. То ҳамчун як мунаққид ба ҳунари онҳо баҳо дода тавонам ва хатои худу духтаронро эҳсос намуда, барои ислоҳ шудану комил гаштанаш талош намоям…”

ДАФТАРИ НУҲУМ

АНСАМБЛЕ, КИ НОМАШРО МАРДУМ ГУЗОШТ

«Агар он чиро, ки доред, қадрдонӣ карда наметавонед, бигзор он чиро дошта бошед, ки ба қадраш мерасед”

Бернард Шоу

«Ансамбл ташкил шуд, тайёрӣ медидам, аммо дилам беқарор буд: аз як тараф масъулият, аз тарафи дигар… ин воқеият буд, ки талабгорони роҳбарӣ ба ансамбл зиёд буданд, аммо чӣ шуд, ки ба ман бовар карданд? Ин савол ҳамеша дар зеҳнам буд.

«Ду сол дар Маскав рақси классикӣ омӯхтӣ ва дар Тошканд дар рақси миллӣ таълим гирифтӣ” гуфта шояд бовар карда бошанд. Ана, акнун ҷавобашро интизоранд! Осон нест. Аз ин рӯ, бо ин шогирдон азоб кашида, борҳо аз саҳна гирён канор рафта, дил холӣ карда, боз ба саҳна баргаштаам. «Сӯхтан афрӯхтан дорад, Зебо!»- панд дода буд бароям Ғоиб Қаландаров.

Баъди як сол -19 майи соли 1979 дастаи ҳунарӣ бори аввал бо 13 рақс тавассути оинаи нилгун ҳунарнамоӣ карда, бо ҳамин хешро муаррифӣ намуд. Пас аз намоиши барномаи аввал ба унвонии ансамбл 3000 мактуби тамошобинон ворид гардид. Онҳо дар бораи ансамбл ва репертуари он фикру мулоҳизаи худро баён мекарданд. Ин ба фаъолияти минбаъдаи мо, хусусан ҳангоми тартиб додани репертуари нав, ки аз рӯи хоҳишу дархости мухлисон сурат мегирифт, мадади зиёд расонд.

Барномаи дуюми мо, гуфтан мумкин, ки ҳамаро моту мабҳут кард. Акнун дар ҳар маҳфил ва хиёбону кӯчаҳо номи Зебо Аминзода ва дастаи рақсии ӯ буд. Таъсири телевизиони онвақтаро онҳое медонанд, ки дар он замон зиндагӣ кардаанд.

Мо гули сари сабади маҳфилҳо будем. Аммо танҳо дар саҳнаву маҳфилҳо не, ҳатто дар майдони пахтазор, ки он вақт «фронти зарбдор” номида мешуд, ҳунарнамоӣ мекардем. Шаҳру ноҳияҳо паиҳам аз анҷом додани нақшаи чиниши пахта рапорт медоданд ва ба ин муносибат маърака меоростанд. Маъракаҳо тариқи телевизион намоиш дода мешуд. Ҳатто ёдам ҳаст, ки ба муносибати 6 миллиону 200 ҳазор тонна пахта ҷамъ овардани Ӯзбекистон телевизиони тоҷик барномаи мусиқие таҳия намуд, ки дар он ҳам духтарони ансамбли мо нақши асосӣ доштанд.

Воқеан, пас аз намоиши аввалини ҳунари духтарони ансамбл Телевизиони Тоҷикистон барои дарёфти номи ансамбл озмун эълон намуд. Аксарияти онҳое, ки дар ин озмун ширкат намуданд, пешниҳод намуданд, ки ба он «Зебо” ном гузоранд. Ин пешниҳод ба роҳбарият низ мақбул афтод ва онро пазируфтанд…”

ДАФТАРИ ДАҲУМ

20 ДУХТАРИ ЯК ОИЛА

«Ҳамонгуна, ки бемории тан вуҷуд дорад, усули зиндагӣ ҳам мариз буда метавонад”

Демокрит

«Дар «Зебо” 20 духтар мерақсид. Барои ман якеро аз дигаре ҷудо намудан осон нест. Аксари онҳоро мардум хуб мешиносанд. Онҳо дар санъату фарҳанги мо нақши ногусастанӣ гузоштаанд. Магар мешавад номҳои Саида Файзалиева, Ширинмоҳ Ниҳолова, Людмила Сунинская, Замира Холматова, Алфия Ефасова, Наталия Потехина, Гулнора Маннонова, Сабоҳат Усмоноваву дигаронро фаромӯш кард, вақте сухан аз авҷи санъати рақсии тоҷикӣ биравад? Воқеан, бархе аз онҳо баъдан дар мақомҳои дигар низ дар рушду нумӯи Тоҷикистон саҳм гузоштаанд…

Як масъалае, ки ҳамчун роҳбари ансамбл дар ҳалли он мушкилӣ мекашадам, ин тарки саҳна кардани духтарон буд. Гоҳе бо сабаҳои ночиз ва ё бемаънӣ духтарон аз ансамбл мерафтанд, ҳол он ки барои ҳар яки онҳо роҳбари бадеии даста рӯзу моҳҳои зиёд сарф карда, хуни ҷигар хӯрдааст. Масалан, ба яке аз раққосаҳо режиссёри телевизион ҳангоми наворбардорӣ ошиқ мешавад ва пеш аз тӯй шарт мегузорад: аввал ансамблро тарк мекунад, баъд тӯй мешавад!

Бинобар ин духтар бо ариза назди ман омад, то аз кор биравад.

Маро ин чиз сахт ошуфта кард, ба ҳоли духтар, ба ҳунари вай ва бефаҳмии баъзе ҷавонон дилам сӯхт. Воқеан, чунин воқеаи нохуш чанд бори дигар ҳам рӯй дод. Аз ин рӯ, ба духтарон гаштаву баргашта мефаҳмондам: «Шавҳар кардан даркор, аммо шавҳари бефарҳанг не! Магар ин фарҳанг аст?! Ҷавонон ба ҳунари духтарон ошиқ мешаванд, вале баъд онҳоро маҷбур мекунанд, ки аз баҳри рақс бароянд”.

Оре, ман роҳбари сахтгир будаму ҳастам ва ин на ба ҳама мефорад. Ҳатто раққосаи хубе, ки дар аввали ташкилшавии ансамбл омада буд, аз чунин сахтгирии ман хулосаи нодуруст бароварда, аз даста рафт. Бо вуҷуди ин, усули роҳбариамро тағйир намедиҳам. Аммо агар зарур ояд, бо духтарон маслиҳатҳои муфид медиҳаму медодам ва ба онҳо ҳамчун бо пайвандони худ муомила мекардаму мекунам. Аз ин рӯ, духтарон бо ифтихор мегӯянд, ки мо на як ансамбл, балки як оилаи намунавӣ ба вуҷуд оварда будем!…”

ДАФТАРИ ЁЗДАҲУМ

ЁДИ ХОТИРОТИ ШИРИН

«Аз марг набояд тарсид. Зиндагии беҳуда тарсовар аст”

Бертольд Брехт

«Аз духтарон ва фаъолияти якҷояамон хотироти гуворои зиёд дорам. Аммо фикр мекунам, ки як зодрӯзам барои ҳамаи мо хотирнишинтар аст. Он замон ҳамроҳи духтарон ба Маскав парвоз доштем. Пагоҳаш мавлуди ман буд. Духтарҳо аз Душанбе садбарги ношукуфта ҳамроҳашон гирифта будаанд, то барои ман армуғон таҳия кунанд. Дар Маскав аллакай зимистони қаҳратун, ҳаво сард. Аммо садбаргҳо дар даруни самолет шукуфта буданд. Вақте расидем, аллакай рӯзи дигар ва зодрӯзи ман буд. Духтарҳо маро гулборон намуданд…

… Ҳолати дигар. Ҳанӯз ҳам фаромӯш накардаам, ки чӣ хел пирамарде аз ноҳияи Ёвон омада, духтарашро назди ман монда, «духтарамро ба Шумо ва шуморо ба Худо супурдам”-гӯён рафт. Мастура духтараки дидадаро, меҳрубону дилёб буд. Ӯ муддати 3 сол дар хонаи ман зиндагӣ кард. Бо писаронам, ки он замон хурд буданд, хеле унс гирифт. Шукри Худо то имрӯз дастпарварони мактаби «Зебо” бо ҳам дӯсту тифоқ ва дар ғаму шодии ҳам шариканд…”

ДАФТАРИ ДУВОЗДАҲУМ

ЯК НАСИҲАТ

«Ҳаёт як нафас аст. Имкон надорад, ки онро аввал дар сиёҳнавис гузарониву баъдан сафеднавис намоӣ”

Антон Павлович Чехов

«Вақте ансамбл ташкил шуд, дар нахустин суҳбат бо духтарон таъкид кардам, ки агар онҳо дар дил нияти дар тӯйҳову маъракаҳо рақсидан дошта бошанд, марҳамат, дер нашудааст, аз даста раванд!

Зеро худи ман аз паи ин роҳи сабуку хато ҳеч гоҳ нарафтаам, дар тӯйҳо нарақсидаам ва санъаткоре, ки барои пул ин корро мекунад… намедонам, чӣ гӯям. Ман ба духтаронам ҳамеша таъкид мекунам, ки ҳалол зистанро ёд гиранд. Нимта нон — роҳати ҷон. Пули ҳаром аз як тараф қадр надошта бошад, аз тарафи дигар, пулҳои бедардимиён касро ба ҳар кӯча мекашанд. Ман аз он афсӯс мехӯрам, ки баъзе ҳамкасбони унвондор ҳам аз паи ин роҳи сабуки сарватҷамъкунӣ мераванд. Маро дуруст фаҳманд; ман ин суханҳоро аз рӯи ҳасад намегӯям. Барои ман санъатфурӯшӣ виҷдонфурӯшист! Виҷдонамро бошад, ман ҳаргиз намефурӯшам, ҳарчанд медонам, ки баъзан дар тӯй дар як шаб ҳамон қадар пул меафтад, ки ман он миқдорро дар як сол ҳам ҷамъ карда наметавонам. Ба ман зиндагии хоксорона маъқул аст. Шояд баъзеҳо андешанд, ки хонаи ман қасрро мемонад. Хушбахтона, хонаи ман аз хонаҳои қаторӣ ва хоксоронаест. Агар ман донам, ки раққосаи ансамбли мо тӯйгардӣ мекунад, ҳамон лаҳза ман ӯро аз кор ҷавоб медиҳам. Ҳаминро ҳам набояд фаромӯш кард, ки баъзе шахсон аз даргоҳи санъат нагузаштаанду худро раққосаи ин ё он ансамбл гуфта, номи дигаронро сиёҳ мекунанд. Ҳарфи ҳаррӯзаи ман ба духтарон ин буд:

-Ҳеҷ гоҳ ба хотири пул рақс накунед. Он пуле, ки аз ин туйҳо ба даст меоред, бо обрӯ, эътибор, эҳтиром ва қиммати шуморо ҳамчун ҳунарманд аз даст меравад. Агар хоҳед, обрӯ ва ҳаёи духтари тоҷикро гум накунед, тӯйгардӣ накунед. Ва аслан ин ансамбл ҷойи раққосаҳои тӯйгард нест!…”

ДАФТАРИ СЕЗДАҲУМ

«САФАРАТОНРО МАВҚУФ ГУЗОРЕД, ТО ДАР КОБУЛ ҶАНГ НАБОШАД!”

«Ба мо камону туфанг даркор нест. Барои пирӯзӣ бар бадӣ меҳру ҳамдардӣ кофист!”

Модар Тереза

«Яке аз василаи таҳрик додани духтарон ва ҳифзи онҳо дар «Зебо”, агар аз як ҷониб муҳити солими кориву эҷодӣ бошад, аз сӯи дигар муваффақиятҳои паиҳамии ансамбл буд. Духтаронро на танҳо сафарҳои дохили Тоҷикистон ва СССР, балки берун аз он нерӯи тоза мебахшид. Ин воқеият буд, ки мо аз камтарин дастаҳои ҳунарӣ будем, ки дар бисёр кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла, Афғонистон, Булғория, Англия, Люксембург, Белгия, Шотландия, Чехословакия, Непал, Тунис, Япония, Испания, Ҳиндустон ва ғайра ҳунармандӣ кардаем.

Вале фикр мекунам сафарҳои ҳунарии мо ба Афғонистон барои ансамбл ва худи ман чизи дигар буданд.

Моро муяссар гаштааст, ки ҳафт бор меҳмони мардуми меҳмоннавози он бошем. Аз чӣ бошад, ин диёр ба дили ман хеле наздик ва азиз аст. Шояд аз он сабаб, ки мардуми он бо мардуми тоҷик ҳамдилу ҳамзабон аст ва бисёр одату оини ба ҳам наздик дорад. Ё шояд барои он ки ин ду халқ то асрҳои наздик ҳамтақдир буданд. Хотираҳои гоҳ ширину гоҳ ғамангез аз ин сафарҳо дорам…

Сафари аввалини ман ба ин кишвар соли 1966 ба вуқуъ омад. Он вақт ман ҳамагӣ 17 сол доштам. Дар ҳайати гуруҳи санъаткорони номӣ модарам Артисткаи халқии РСС Тоҷикистон Ойдиной Усмонова низ буданд. Бори дуюм ба Афғонистон соли 1972 дар ҳайати гуруҳи санъаткорон сафар карда будам. Вале сафарҳои баъдӣ бароям азиз ва фаромӯшношуданӣ буданд. Зеро ман акнун танҳо не, балки бо ансамбли худ сафар доштам. Ин сафари аввалини ҳунарӣ бо ансамбл барои мо дар ҳақиқат имтиҳони ҷиддӣ буд. Зеро аз ташкилшавии ансамбл ҳамагӣ ду сол гузашта буд. Дар ин муддат ансамбл танҳо як маротиба ба хориҷа (ба Тунис) сафар карда буд. Аз ин рӯ, хеле дар ҳаяҷон будам, ки оё духтарони мо дар ҳузури тамошобинони серталаб ва нозукбини афғон чӣ тавр мерақсида бошанд? Лекин консерти аввалин ҳама шубҳаву ҳаросро аз дили мо дур кард.

Соли 1984 мо боз бояд ба сафари ҳунарӣ ба Афғонистон мерафтем. Якбора кӯдакам бемор шуд. Ба ман гуфтанд, ки метавонам, наравам. Вале дил мегуфт, ки ту бояд он ҷо бошӣ, ки духтаронат мерақсанд. Хоса дар кишвари ҷангзадаву ноамн. Хоҳарам Аминаҷон, ки ҳатто баъзан маслиҳатгари ман аст, кӯдакамро гирифта, дар беморхона хобид. Аз Кобул се бор занг задам. Ҳолати модарро худатон мефаҳмед…

Дафъаи дигар, вақте мо дар яке аз шаҳрҳои Афғонистон консерт медодему ансамбл «Боди сабо»-ро мерақсид, як духтарак наздам давида омад ва гуфт: «Муаллима, ана, он афсарро бинед, ашк мерезад». Дар ҳақиқат, аз паси парда номаълум ба он афсари калонсол, ки байни тамошогарон менишаст, чашм давондам. Ӯ ашк мерехту аз ҷой бархоста, кӯдаквор қарсак мезад. Ашки шодии ӯ ва мухлисонро дар кишвари ҷангзада худатон дарк намоед. Ин подоши пурқимматтарин буд барои мо…

Дар сафари охирамон ба Афғонистон раиси Иттифоқи фаъолони санъати ин кишвар Парвиз Ҳайдар ба ҳунармандон бо шӯхии талх гуфт: «Шояд сафаратонро мавқуф мегузоред? Охир дар 21 рӯзе, ки «Зебо” меҳмони мо буд, садои таркиш дар Кобул ба гӯш нарасид!”.

Дар ҷараёни ин сафар маро бо мукофоти боқадртарини ҳукуматии Афғонистон – «Нишони фахрӣ барои рушд ва таҳкими равобити фарҳангии Афғонистону Тоҷикистон” қадрдонӣ намуданд ва ин мукофотро ба ман муовини Президенти ин кишвар супурд…”

ДАФТАРИ ЧОРДАҲУМ

ВАҚТЕ ДАР ТОҶИКИСТОН ҶАНГ АЛАНГА ДОШТ…

«Зиндагиро бояд ҳамон тавре дӯст дошт, ки воқеият дорад. Бо ҳаракатҳои ҳамешагиаш, бо ташвишу ихтилофоти тасаввурношуданиаш”

Ф.Э Дзержинский

«Мутаассифона сар аз соли 1990 Тоҷикистон ҳам ба даргириҳои дохилӣ печид. Алангаи аввал дар феврали соли 1990 гӯё хомӯш шуд, аммо маълум гардид, ки дар хулоса каме шитоб кардаем. Воқеаҳои солиёни 1991 -92 –ро ҳамагӣ ба хотир доранд. Тоҷикистоне, ки байни ҳастиву нестӣ монда буд. Тасаввур намоед, он замон ҳам мо кор мекардем, то ба василаи ҳунари худ ҷигарҳои хунгирёнро то ҷое ором намоем. Соли 1993 – замоне, ки дар Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандӣ идома дошт, ба Белгия сафар намуда, дар фестивали ҷавонони кишварҳои дунё ширкат доштем. Мардуми дар ин маърака ширкатдошта пас аз рақсҳои духтарони мо бо ҳайрат мепурсиданд: «Халқе бо санъате ҳамчунин, чӣ гуна метавонад ҳамдигарро қатл намояд?”.

Шояд касоне бовар накунанд, аммо дар ҳақиқат, мо дар калисои ин кишвар он замон зери навои «Шашмақом” дуо мехондему сулҳу осоиши Ватанро аз Худо мехостем.

Рақсу ҳунармандии духтарони мо ончунон ба мардуми Белгия таъсир карда буд, ки ҳангоми бозгашт пеши роҳи автобуси моро гирифта, муддати тӯлонӣ ронандаро ҳаракат кардан намемонданд…”

ДАФТАРИ ПОНЗДАҲУМ

ДАР ПАҲЛӮИ ҲУКУМАТИ ҶАВОН

«Одам як бор ба дунё меояд. Пас чаро онро тавре паси сар накунад, ки зарур аст? «

Ҷ. Лондон

«Ҳамон сол (1993) ҳукумати навтаъсис бароям пешниҳод намуд, ки мансаби муовини раиси Шӯрои Вазиронро ба уҳда бигирам. Шояд медонед, ки он замон бисёриҳо пайвастан ба ин ҳукуматро намехостанд, чун ба ояндааш мутмаин набуданд. Бар илова, ба сари қудрат онҳое омада буданд, ки таҷрибаи фаъолият дар мансабҳои баландро надоштанд ва хеле ҷавон низ буданд. Эмомалӣ Раҳмон он замон ҳамагӣ 40 сол дошт. Ман ҳам аз таҷрибаи кори давлатӣ бархӯрдор набудам. Пас аз машварат бо пайвандон, ҳарчанд онҳо дар ибтидо розӣ набуданд, ахиран бо розигиву дуои онҳо ба кор сар кардам. Ҳамагӣ як сол фаъолият доштам, аммо фикр мекунам, таҷрибаи амиқе омӯхтам ва он бахши корҳоеро, ки ба уҳдаам гузошта буданд, сарбаландона анҷом додам. Ба ҳар ҳол, то имрӯз шикояте аз кори худ нашнидаам, баръакс роҳбарияти мамлакат то ҳол ба ман бо муҳаббати хос ва қадрдонӣ муносибат доранд.

Соли 1994 ман ба Маскав – пойтахти Русия рафтам, чун маро Раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии Ширкати байналмилалии радио ва телевизиони «Мир» интихоб шудам. Дертар, солҳои 1996 – 2003 – мушовири ШБРТ «Мир», баъд ҳамчун мушовири Кумитаи иқтисодии байнидавлатии Иттиҳоди иқтисодии ИДМ фаъолият доштам. То соли 2003, ки ба нафақа баромадам, дар ин мақом кор мекардам. Соли 2012 ба Ватан баргаштам. Модарам сахт бемор буд ва зарур донистам, ки нигоҳубини ӯро анҷом диҳам…”

ДАФТАРИ ШОНЗДАҲУМ

МАЪНИҲОИ ХОНДАВУ НОХОНДАИ РАҚСИ «ЗЕБО”

«Танҳо онҳое ба зиндагӣ ва озодӣ сазоворанд, ки ҳамарӯза барои онҳо дар талошанд”

Гёте

«Албатта тарки саҳна намудан, хоса хайрухуш бо дастае, ки бо итминон мегӯям бароям мисли фарзанд аст, осон набуд. Барои пайдо шудану номдор гардиданаш чӣ шабу рӯзҳоеро пушти сар накардаам. На танҳо меҳнати ҷисмӣ ва даводаву расмиёт. Ҳамчунин пайдоиши ҳар рақс барои ман мисли тавлиди як фарзанд буд.

Ин ҷои баҳс надорад, ки ҳар як рақс барои мо таърихе дорад. Аслан рақс ҳам ба мисли шеър гуногунэҷод аст. Рақсҳое ҳастанд, ки дар як ё якуним рӯз ва рақсҳое ҳастанд, ки дар як ё якуним сол офарида шудаанд.

Масалан рақси «Тӯйи пахта”, ки 12 дақиқа тӯл мекашад, дар бадали 2 ҳафта эҷод гардид. Зеро бисёр мехостам рақсе пайдо шавад, ки меҳнати душвору шарафноки деҳқонро ифода намояд. Бар илова, ман вакили Анҷумани ХХ –и Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон будам ва бисёр хуб буд, агар ба он бо дастовези сазоворе мерафтам…

Рақси «Чоргоҳ” барои офаридани симои духтари тоинқилобии тоҷик бахшида шудааст. Бо оҳанги ҳазин пайкари духтарони андешаманди даруни чордевор нишаста алвонҷ мехӯрад, ки маънии хос дошт…

Аммо барои пайдоиши рақси ҳиндӣ, ки 7, 5 дақиқа идома меёбад, се моҳ зарур омад. Аз Китобхонаи миллии ба номи Фирдавсӣ адабиёти фаровоне перомуни санъату рақси ин мардум гирифта, хондам. Бо олимони ҳиндушиноси Академияи илмҳо соатҳо суҳбатҳо намудам. Ба тамошои чандин филмҳои ҳиндӣ рафтаму бодиққат нозукиҳои ин рақсҳоро тамошо мекардам (он замон дастгоҳҳои сабт мисли имрӯз сода набуд, ки дар телефон ё диск сабт намоӣ). Пас аз тамошои филмҳо аз ҳаводорони ин филмҳо борҳо мепурсидам: «Кадом паҳлуҳои рақси ҳиндӣ ба Шумо писанданд?”.

Дар ин миён бемор шудам ва ба кор рафта наметавонистам. Аммо Саида Файзалиева, ки бояд ин рақсро анҷом медод, ҳар бегоҳ ба хонаам меомад ва онро машқ мекард. Хулоса, пас аз 3 моҳ бинандагон рақси олиҷаноберо тамошо карданд…

Пайдоиши рақси испанӣ низ ҷолиб буд. Онро пеш аз сафар ба ин кишвар омода намудем. Ба Малика Қаландарова занг зада хоҳиш кардам мусиқиеро ба ман диҳад, ки ба ӯ раққосаи машҳури Испания Пилар Риоха тақдим карда буд. Дар натиҷа рақси хубе ба миён омад. Барои мо хушбахтӣ буд, ки дар тахтаи эълонҳои шаҳрҳои Мадрид, Барселона ва дигар шаҳрҳои Испания рӯзҳои ҳунарнамоии духтарони «Зебо” мусаввараҳои рангоранг бо таблиғи ману раққосаҳои мо паҳн мешуданд. Албатта ин хушбахтии як ҳунарманд аст, ки ба забони халқи дигар асар офарида метавонад ва забони рақс барои ҳамаи аҳли башар як аст. Бо ин вуҷуд, мо кӯшиш мекардем ба рақси миллӣ ва рушди он таваҷҷуҳи бештар намоем.

Рақсҳои халқӣ як вижагии хос доранд: онҳо бадоҳатан тавлид мешаванд, чунки онҳоро мардум дар тӯли даҳсолаву садсолаҳо такмил медиҳад. Аммо ин маъноеро надорад, ки мо дар ин гуна рақсҳо «ман” –и худро нишон надода бошем. Ҳамеша кӯшиш мекардем ба рақсҳои халқӣ низ кадом навгонӣ ва аркони навро ворид намоем. Масалан, рақси яккаи «Дар чаман” байни ним соат пайдо шуда бошад ҳам, рақси иҷронамудаи мо то дер дар хотираи мардум нақш баст…

Барои рақси «То боди сабо” матни суруди иҷронамудаи Муқаддас Набиеваро писандидам. Ин таронаро ду нафари дигар ҳам хонда буд, вале танҳо садо ва оҳанги суруди Муқаддас барои рақси мо муносиб омад. Матни сурудро пинҳонӣ, як илоҷе карда, барои худ сабт кардам. Зеро шунидани ин сурудро он замон манъ карда буданд, чун гӯё садои овозхон ҷо-ҷо шаҳватангез ба гӯш мерасидааст. Мо ба ин даъвои беасос таваҷҷуҳ накардем ва дар натиҷа матни дилнишин ва оҳанги муассир худ тавлидгари рақс гашт . Рақси «То боди сабо” ин таронаро умри дубора бахшида, чун таронаи мондагор зинда кард. Ин суруд бо ин рақс то ҷое машҳур шуда буд, ки дар фурудгоҳи Кобул афғонҳо моро бо садои «Хуш омадӣ, эй санам!” пешвоз гирифтанд…

Рақси афғонии «Атан”, ки махсус барои ин сафар омода карда будем, дар Афғонистон аз ҷониби мардум хуш пазируфта шуд. Ҳарчанд, ман, чун басаҳнагузорандаи ин рақс, бесаброна интизор будам, ки мардуми афғон онро чӣ тавр қабул мекарда бошад? Аз он дар ҳаяҷон будам, ки оё духтарони ман ҳаракатҳои рақсро дуруст иҷро карда, хусусиятҳои миллии онро дода метавониста бошанд? Ба ҳаяҷони ман ташвиши дигар зам мешуд. Либоси саҳнавии духтарони ансамбл ҳоло аз Тошканд ба Кобул наомада буд. Пагоҳ бошад, консерт эълон шудааст. Вале бо мадади сафоратхонаи шӯравӣ чанд соат пеш аз консерт мо либосҳоро гирифтем. Шодии мо ҳадду канор надошт. Консерти оншаба хуб гузашт. Аз дақиқаҳои аввали ба саҳна омадани барандагони консерт Саида Файзалиева ва Нуралӣ Додарбеков кафкӯбии пурмавҷ сар шуд. Тамошобинони афғон раққосаҳои моро аз саҳна рафтан намемонданд. Онҳо зери қарсакҳои бардавом садо медоданд:

— Атан! Атан! …

Рақси дигаре, ки мо ба репертуар дохил намудем, сабки классикӣ дошта, номашро «Нағмаи ораз” гузоштем. Оҳанги рақсро аз осори гаронбаҳои «Шашмақом” интихоб намуда, ба раққосаҳо мувофиқан либосҳои хушдухти қадимаи миллӣ фармудем. Он ба бинандагон ҳам писанд омад. Мардум дар мактубҳояшон намоиши такрории онро хоҳиш мекарданд…

Умуман, дар репуртуари «Зебо” беш аз 60 рақс буд, ки ҳар кадом ҷойгоҳи худро доранд. Рақсҳои «Зебо”, «Сабза”, «Ту ҷони манӣ”, «Сабзинаранг”, «Рақси классикӣ” , «Занг”, «Нағмаи ораз” ва дигарон дар хотираи мардум то ҳол боқӣ мондааст. Онҳо ҳар гоҳе маро бинанд, ё духтарон нақл мекунанд, ки баробари дидани онҳо аз ин рақсҳо ёд мекунанд…”

ДАФТАРИ ҲАБДАҲУМ

ЭҲЁИ «ТАСОДУФӢ” –И ДУБОРАИ «ЗЕБО”

«…вақт аст, ки аз зиндагӣ армуғон интизор шуданро бас намоем. Балки зиндагиро бояд худ сохт”

Л.Н.Толстой

«Гуфтам, ки соли 2012 ба Хуҷанд баргаштам. Рӯзе тасодуфан бо муовини раиси вилояти Суғд Мавҷуда Бобоева вохӯрдам. Ӯ пешниҳод намуд, ки дар вилоят ансамбли рақси миллӣ ташкил намоям. Бубинед, ташкили ансамбл, ҳамон тавре дар ибтидо гуфтам, гӯё тасодуф буд. Ҳоло низ мулоқоти ману раиса тасодуфан иттифоқ афтод ва ӯ пешниҳоди таъсиси ансамбл намуд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *