Бечора аз 56000 сомонӣ, танҳо 51000- рашро гирифтаст. Ҳич гапе не…
Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон рӯзи 12 июл хабар дод, ки тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятии Зафар Икромов, сарваколатдори гуруҳи махсуси қисми минтақавқии РВКД вилояти Хатлон оид ба гуруҳи ноҳияҳои минтақаи Кӯлобро анҷом дода, ин парвандаро ба додгоҳ супурдааст. Зафар Икромов бар асоси моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон ба қаллобӣ айбдор мешавад.
Бино ба гузориши маркази матбуоти Агентии мубориза бо коррупсия, “Икромов Зафар Музафарович дар вазифаи ваколатдори калони гурӯҳи махсуси Қисми минтақавии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон оиди гурӯҳи ноҳияҳои Кӯлоб кор карда, дар давраи фаъолияти кориаш даст ба ҷинояти қаллобӣ задааст. Чунончи, номбурда директори Литсейи касбӣ-техникии ноҳияи Восеъ Шарипов Қ.И.-ро дар содир намудани ҷиноятӣ гирифтани пора гумонбар дониста, дар давраи аз охирҳои моҳи декабри соли 2019 то моҳи июли соли 2020 дар якчанд ҳолат аз аз ӯ 56 000 сомонӣ талаб намуда, аз маблағҳои талабнамудааш дар маҷмӯъ маблағи 51 000 сомониро гирифта, тасарруф намудааст.”
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ