Бедорхобӣ дар шаби Қадр. Суол ба руҳонии шинохта Ҳоҷӣ Мирзо
Касе, ки шаби қадр бедор мешинад, аз кадом амал савоби зиёд мегирад?
АБДУВАҲОБ, аз деҳаи Ворухи Исфара
Посух:
— Дар шаби қадр намозҳои нафл хондан, тиловати Қуръон кардан, шунидани амри маъруф, зикру дуо кардан савоб аст. Ибни Аббос (р) ривоят мекунанд, ки Расули Худо (с) фармуданд: «Ҳар касе дар шаби қадр ду ракаъат намоз хонад ва дар ҳар ракаъате баъд аз сураи «Фотиҳа» 7 маротиба сураи «Ихлос» хонда, баъди салом 70 бор «Астағфируллоҳи раббӣ ва атубу илайҳ» гӯяд, ҳанӯз аз ҷой барнахоста бошад, ки Худованд ӯрову падару модарашро мағфират кунад. Он банда то ҷойи худро дар биҳишт набинад, аз дунё намеравад”.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ