Беэҳтиётӣ сабаби марги писар шуд
6-уми ноябри соли 2018, тахминан соати 16:00-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Хундай-Портер”, Солиев Неъмат Сатторқулович, соли таваллудаш 1984, сокини ноҳияи Хуросон дар роҳи мошингарди маҳаллии назди ҳавлии истиқоматиаш, ҳангоми воситаи нақлиётро ба ақиб рондан, писари хурдсолаш, Солизода Ҳикмат Неъмат, соли таваллудаш 2016-ро, ки ба бозӣ машғул буд, ногаҳон пахш намудааст.Дар натиҷа, хурдсол Солизода Ҳ.Н. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Ин ҳодиса мавриди таҳқиқ қарор дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ