Бег Сабур боз дар нишаст иштирок надошт
Мақомоти Хадамоти алоқаи Тоҷикистон иддаоҳо дар бораи машғул будани Бег Сабур раиси ин ниҳод ба сохтмони хонаҳои бисёрошёнаро шарҳ надоданд.
Дар нишасти хабарии хадамот дар рӯзи 16-уми июл дар Душанбе хабарнигорон ин иддаоҳоро матраҳ карданд.
Онҳо аз Илҳомҷон Атоев, муовини раиси Хадамоти алоқа пурсиданд, ки чаро раҳбари ниҳод Бег Сабур “бештар ба сохтмон машғул аст”, чунин посух дод: “ Таҷҳизотҳои алоқа, воситаҳо, системаи техникӣ, кабелгузории қубурҳо бе сохтмони иншоот роҳе надорад. … Пеш аз онро насб кардан мо бояд иншоот бисозем, барои садсолаҳо бисозем. Бе сохтмон, бе системаи техникӣ, рушди технологияи коммуникатсионӣ дида намешавад”
Аммо баъди ин посух хабарнигорон пурсиданд, ки манзурашон сохтмони манзилҳои истиқоматӣ аз ҷониби Бег Сабур аст, ӯ дигар шарҳе надод. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ корбарон иддао мекунанд, ки Бег Сабур ширкати сохтмонӣ дорад ва ӯро бисёр вақт дар назди хонаҳои баландошёнае мебинанд, ки дар Душанбе ва дигар гӯшаҳои кишвар сохта мешавад. Худи раиси Хадамоти алоқа дар нишасти матбуотӣ ҳузур надошт ва ингуна иддаоҳоро шарҳ надодааст.
озоди
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ