Ӯбекистон тасмими нав дорад
Ҳукумати Ӯзбекистон тасмим дорад, дар соли ҷорӣ содироти меваву сабзавоти кишварашро ду баробар бештар кунад. Шавкат Мирзиёев, президенти ин кишвар назди мақомоти кишоварзии Ӯзбекистон чунин вазифа гузоштааст.
Соли гузашта Ӯзбекистон дар ҳаҷми 700 миллион доллари ИМА ба хориҷ маҳсулоти кишоварзӣ содир карда буд. Ба ин тартиб, мақомоти кишоварзии ӯзбек вазифадор шуданд, ки дар соли ҷорӣ дар ҳаҷми 1,4 миллиард доллар ба хориҷ меваву сабзавот содир кунанд.
Барои ноил шудан ба ин ҳафад, ниҳодҳои марбутаи Ӯзбекистон дастур гирифтанд, ки дар қадами аввал пиёзу сирпиёзи августиро сари вақт ҷамъоварӣ ва ба хориҷ содир кунанд
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ