Бемасъулиятии вазоратҳо ва беназоратии Бонки миллӣ

Коршиносон бар он назаранд, ки Паёми имсолаи Пешвои миллат, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон нисбати Паёмҳои қаблӣ аз чанд ҷиҳат муҳим ва назаррас мебошад.

Дар Паём тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ, фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, муносибатҳои байналмилалӣ  мавриди таҳлил ва хулосабарорӣ қарор гирифтанд. Зимни ироаи Паём Президенти мамлакат зикр кард, ки субҳи имрӯз раиси Маҷмааи Созмони Милали Мутаҳид ҷаноби Питер Томсон ба номи роҳбари давлат ва мардуми кишвар ба муносибати пешниҳоди Тоҷикистон барномаи «Об барои рушди устувор» барқияи табрикӣ ирсол намуд. Як ҷиҳати фарқкунандаи Паёми имсола иборат аз он буд, ки барномаҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ, иҷтимоии Тоҷикистон аз доираи маҳдуди як кишвар берун омада, масоили умда ва ҷаҳониро фаро мегирад. Эълон намудани даҳсолаи «Об барои рушди устувор» аз ин ҷумла мебошад. Эмомалӣ Раҳмон иброз дошт, ки   имрӯз масъалаҳои марбути як кишвар танҳо хоси он кишвар буда наметавонад. Ин аст махсусияти қарни 21. Ӯ зимнан ёдрас кард, ки дар кишварҳое чун Ироқ, Либия, Сурия ҷангҳои таҳмилие, ки ҷараён доранд, ин амсоли ҳамон ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон аст, ки ба сари мардум бор шудааст. Албатта, чунин ҷангҳо, нооромӣ, амалҳои терростӣ ба рушди иқтисодиёт ва сатҳи зиндагии мардум бетаъсир буда наметавонад. Иқтисодиёти Тоҷикистон низ аз таъсири ин омилҳо берун нест. Махсусияти дигари Паём иборат аз он буд, ки Президенти кишвар ошкоро бемасъулиятӣ, саҳлангории баъзе аз сохторҳои блоки иқтисодӣ, аз ҷумла бонкҳоро мавриди интиқод қарор дод. Ӯ аз ҷумла зикр намуд, ки «Бо вуҷуди дастовардҳо дар соли 2016 камбудиву мушкилот дар вазъи воқеии иқтисодиёт ба вуҷуд омаданд.

Аз ҷумла, бо сабаби камфаъолиятии баъзе вазорату идораҳо ва дар натиҷаи таъсири омилҳои манфии берунӣ ба иқтисодиёт хизматрасониҳои пулакӣ ба аҳолӣ, гардиши савдои хориҷӣ, воридот ва қарздиҳӣ коҳиш ёфта, иҷрои қисми даромади буҷети давлатӣ таъмин нагардид.

Фаъолияти муътадили низоми бонкӣ дар шароити имрӯза яке аз омилҳои асосии тараққиёти босуботи иқтисодӣ ба шумор меравад.

Дар баробари ин, хотирнишон менамоям, ки низоми бонкии кишвар ва назорати фаъолияти бонкҳо аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ нест.

Вазъи фаъолияти бонкҳо ва дигар ташкилотҳои қарзӣ нишон медиҳад, ки дар натиҷаи таъсири манфии омилҳои дохиливу берунӣ ҳаҷми қарзҳои додашуда 32 фоиз коҳиш ёфта, сатҳи хизматрасонии низоми бонкӣ ба мизоҷон беҳбудӣ металабад.

Аз ин рӯ, Ҳукумати мамлакат, Бонки миллӣ ва Вазорати молия вазифадоранд, ки фаъолияти бонкҳо, ташкилотҳои қарзӣ ва корхонаву муассисаҳои буҷетиро ба таври қатъӣ назорат намоянд ва дар самти ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии амонатгузорон, пеш аз ҳама, нигоҳ доштани эътимоди аҳолӣ ва иҷрои уҳдадориҳои бонкӣ чораҳои фаврӣ андешанд».

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *