Беморе шифо намеёбад, рӯза нагирад, гунаҳкор мешавад?
Беморе, ки умеди шифо ёфтанаш нест, агар рӯза нагирад, дар назди Худованд гунаҳкор намешавад?
Моҳпарӣ, аз Вахш
Посух:
Ба чунин одамон Худованди азала ва ҷала рухсат додааст, ки рӯзаашонро бихӯранд, чунки рӯза гирифтан ҳоли чунин беморонро вазнинтар карда метавонад. Танҳо шахси бемор бояд бар ивази хӯрдани рӯзаи моҳи шарифи рамазон фидяи савм диҳад. Миқдори фидяи савм тибқи фармони Шӯрои уламо имсол барои як рӯз 10 сомонӣ муқаррар гаштааст. Беморе, ки рӯза намедорад, бояд ҷамъулҷамъ 300 сомонӣ фидяи савм диҳад. Пирони барҷомондаи 80-90-сола низ ба ин гурӯҳ шомиланд, зеро онҳо бо сабаби камқувватӣ тавони дар ин айёми гармо рӯза гирифтанро надоранд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ