Беморхонаҳо ба зимистон омодаанд

Дар пойтахт 61 муассисаи табобатию пешгирӣ фаъолият доранд, ки манбаи таъминашон бо гармӣ дар фасли зимистон мушаххас шудааст.

Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе дар мавриди тадбирҳои сари вақт омода намудани муассисаҳои табобатӣ барои фаъолияти мунтазам барои зимистон гузориш додааст.

Ба иттилои мақомоти тандурустӣ, бар асоси қарори раиси шаҳри Душанбе дар мувофиқа бо Муассисаи шабакаҳои гармидиҳии пойтахт 52 муассисаи табобатию пешгирии сохтори раёсати тандурустӣ барои қабули неруи гармӣ дар мавсими гармидиҳии солҳои 2023-2024 ба нақша гирифта шудаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *