Бемориҳои баҳории роҳҳои нафас

Баҳор — ин фасли сабзу гулрезро хурду калон дӯст медоранд, зеро нурҳои ҷонбахшои офтобаки баҳорӣ ба тани кас ҷони тоза бахшида, аз тамошои гулҳои рангоранги сабзаву себарга ва сиёҳгӯшу лолаву савсанаш чашми кас нур мегираду дили инсон лабрези шавқи зиндагӣ мегардад, аммо…

Одамоне ҳастанд, ки фарорасии баҳор табъашонро хира месозад, зеро фарорасии баҳор ва гул кардани дарахтон боиси хурӯҷи дардашон мегардад. Ба хотири кӯмак ба чунин шахсон имрӯз мо дар бораи чанд бемории баҳории роҳҳои нафас маълумот медиҳем. 

Хоболудии баҳорӣ нишонаи чист?

Аксари одамон бо фаро расидани фасли баҳор хоболуд шуда, тез-тез хамёза мекашанд. Як сабаби ба чунин ҳолат афтидан, агар дарозтар шудани рӯзҳову кӯтоҳ шудани шаб ва аз хоб сер нашудани кас бошад, сабаби дигараш норасоии витаминҳо мебошад. Хастагии ҷисмонию рӯҳӣ низ боиси хоболудӣ гашта метавонад. Хоболудӣ ҳамчунин аз саршавии бемориҳои баҳории роҳҳои нафас-зуком, бронхит, астма ва пневмония ҳушдор дода метавонад. 

Чӣ бояд кард?

Пеш аз ҳама ба реҷаи хобу хӯрок риоя намоед. Шабҳо то соатҳои 12-и шаб назди телевизор нашишта, барвақттар сар ба болин гузоред, то ки аз хоб сер шавед. Дар бозорҳо аллакай меваю сабзавот фаровон аст. Барои он ки ҷисми шумо қувват бигирад, бештар меваю сабзавоти тару тоза истеъмол кунед. Варзиши пагоҳирӯзиро фаромӯш накарда, бештар дар ҳавои тоза сайр гашт намоед. Дар сурати пайдо шудани нишонаҳои зуком ва бемориҳои роҳои нафас-рафтани оби чашму обу бинӣ, сулфа, табу табларза ҳатман ба духтур муроҷиат намоед. 

Зукомро ”шӯхӣ” хаёл накунед!

Зуком бемории сироятӣ буда, ҳар кадоми мо камаш соле ду-се маротиба ба ин касалӣ гирифтор мешавем. Бисёриҳо зукомро як бемории сабук пиндошта, ба он чандон аҳамият намедиҳанд, вале табобат накардан метавонад оризаҳои дигарро ба бор оварда, касро ба касалиҳои вазнинтар гирифтор созад. 

Чӣ бояд кард?

Зуком бемории сироятӣ мебошад, бинобар ин, нисбати ин касалӣ бепарвоӣ накунед. Реҷаи бистариро ҳатман риоя намуда, доруҳои фармудаи табибонро сари вақт бигиред. Нӯшидани чой бо мураббои олучагӣ ва нӯшобаи хуч зимни зуком ба бемор хеле ёрӣ мерасонад. 

Чаро астма дар баҳор хурӯҷ мекунад?

Шахсоне, ки ба бемории астма гирифторанд, дар фасли баҳор бештар азоб мекашанд. Дар ин айём махсусан маризоне, ки астмаи шакли атопикӣ ва аллергӣ доранд, ҳолашон хеле бад мешавад. Гул кардани дарахтон ва чангу ғубори зиёд боиси душвор шудани нафаскашии чунин беморон гашта, дар баъзе ҳолатҳо варам ба мушоҳида мерасад. 

Чӣ бояд кард?

Бемории астмаро мустақилона табобат намудан имкон надорад. Роҳи беҳтарини пешгирии хурӯҷи касалӣ он аст, ки бо пайдо шудани нишонаҳои нахустини ин беморӣ мариз ба табибон муроҷиат намояд. Табиб ташхисҳои заруриро гузаронида, маҳз ба кадом навъи астма гирифтор будани шуморо аниқ мекунад. Беморӣ ба аллергия ягон алоқамандӣ дошта бошад, машварати табиби аллерологро низ гирифтан лозим аст. Фаромӯш накунед, ки дар фасли баҳор шахсони ба астма гирифтор бояд ҳамеша зери назорати духтур қарор дошта бошанд. 

Қафаси синаатонро ренген кунед, агар…

Тавре ки болотар гуфтем, аксари одамон зукомро бемории сабук пиндошта, бо умеди он ки касалӣ худ аз худ мегузарад, аслан аз паси табобат намешавад. Дар аксари ҳолатҳо чунин бепарвоӣ метавонад касро ба бронхит ва пневмония гирифтор созад. 

Чӣ бояд кард?

Шакли сабуки зукомро дар хона бо қабули доруҳои зидди зуком, хӯрдани витаминҳо ва андешидани чораҳои дигар табобат кардан мумкин аст, вале дар сурати дар муддати -3-4 рӯз нафаромадани табби мариз (38-39 дараҷа баланд шудани ҳарорати бемор) ва пайдо шудани нафастангӣ, беҳолию бемадорӣ, арақ кардан ва дард дар қафаси сина ҳатман ба духтур муроҷиат намудан лозим аст. Дар чунин ҳолатҳо гузаронидани ренгени қафаси синаро фаромӯш накунед, зеро маҳз бо ҳамин усул ҳолати шушҳо ва маҳз ба кадом беморӣ гирифтор шудани маризро аниқ кардан мумкин аст. 

Воксинатсия кумак мерасонад?

Аксарият мепурсанд, ки оё зуком, пневмония ва дигар бемориҳои роҳҳои нафасро ба мисли Ковид-19 бо роҳи эмгузаронӣ пешгирӣ кардан имкон дорад ё не?  

Гап дар сари он аст, ки ваксинатсияро барои пешгирии зуком ва оқибатҳои он маъмулан дар фасли тарамоҳ мегузаронанд. Барои эмгузаронӣ моҳҳои сентябр-октябр давраи беҳтарин аст. Таъсири воксина пас аз 2-3 ҳафтаи эмгузаронӣ сар шуда, кас нисбат ба ин беморӣ иммунитет пайдо мекунад. Қувваи муҳофизатии организм баъди эмгузаронӣ тахминан 6 моҳ пурзӯр аст, вале баъдан суст шудан мегирад. Дар фасли баҳор такроран воксинатсия гузаронидан маънӣ надорад. Беҳтарин роҳ ҳамон аст, ки эмгузарониро дар давраи авҷи хурӯҷи зуком гузаронед.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *