Бемориҳои рамазонӣ кадомҳоянд?

Бо вуҷуди он ки рӯзадорӣ ба саломатӣ фоидаи зиёд дорад, вале бемориҳое вуҷуд доранд, ки ба нафарони мубталои он рӯза гирифтан тавсия дода намешавад. Нафароне, ки бемориҳои музмин доранд, қабл аз оғоз ёфтани моҳи Рамазон бо машварати табиб амал карданашон лозим меояд. Як қатор бемориҳое, ки дар моҳи Рамазон хурӯҷ менамоянд, бо сабабҳои зерин сар мезананд:

Қабзият

Қабзият метавонад сабабгори сар задани геморрой, тарқиш дар маъқад, ҳазм карда натавонистан ва дамиши шикам гардад. Сабабҳои сар задани қабзият истеъмоли аз ҳад зиёди маҳсулоти коркардшуда, оби кам ва ғизои нахдор (клетчатка) аст.

Табобат: бештар об, нон ва маҳсулоти нонии аз орди навъи дуюм пухташударо истеъмол намоед.

Ҳазм накардан ва дамиши шикам

Хӯрокро ҳазм накардан ва дамиши шикам бо сабаби пурхӯрӣ, истеъмоли ғизои равғанину тунд, тухм, карам, мош, нӯшокиҳои газнок аз ҷумлаи кола сар мезанад.

Табобат: ба пурхӯрӣ роҳ надиҳед, бештар шарбати мева ё об нӯшида, хӯроки равғанин истеъмол накунед.

Фишори паст

Аз ҳад зиёд арақ кардани бадан, бемадорӣ, хастагӣ, беқувватӣ, сарчархзанӣ (хусусан ҳангоми аз ҷой хестан), рангпаридагӣ, заифӣ аломатҳои паст шудани фишори хун аст. Аслан чунин ҳолат вақти нисфирӯзӣ эҳсос карда мешавад. Сабаби паст шудани фишори хун кам истеъмол намудани об ва намак аст.

Табобат: аз гармии зиёд дурӣ ҷуста, бештар об истеъмол намоед.

Ҳушдор: дар сурати сар задани аломатҳои пастшавии фишори хун бо асбоби манометр фишорро санҷидан лозим аст. Нафароне, ки аз фишорбаландӣ азият мекашанд, дар моҳи Рамазон ба табиб муроҷиат карданашон лозим аст.

Дарди сар

Аслан сардард дар шахсони рӯзадор бо сабаби сигоркашӣ, истеъмоли кофеин, хастагӣ, камхобӣ, эҳсоси гуруснагӣ сар зада, дар давоми рӯз зиёд мегардад. Агар дарди сар бо сабаби пастшавии фишори хун пайдо шуда бошад,  сабабгори дилбеҳузурӣ қабл аз ифтор гашта метавонад.

Табобат: мунтазам истеъмоли тамоку ва кофеинро аз ҳафтаи 1-2-юми Рамазон кам кунед. Метавонед чойи алафин ё бе кофеин истеъмол намоед. Дар моҳи Рамазон кӯшиш намоед, ки аз хоб сер шавед.

Паст шудани миқдори қанд дар хун

Камқувватӣ, сарчархзанӣ, худро идора карда натавонистан, арақ кардани дастон, кори ҷисмонӣ карда натавонистан, дарди сар, дилзании сахт –нишонаҳои паст шудани қанд дар хун ҳастанд. Сабаб дар нафароне, ки бемории қанд надоранд, истеъмоли аз ҳад зиёди қанд ҳангоми саҳархӯрак аст. Ҷисм инсулини зиёдро коркард намуда, бар асари он миқдори глюкоза дар хун паст мешавад.

Табобат: ҳангоми саҳархӯрак аз маҳсулоти ва нӯшокиҳои шакардошта худдорӣ намоед. Нафарони гирифтори бемории диабет дар моҳи Рамазон ба табиб муроҷиат карданашон лозим аст.

Рагкашӣ

Сабаби рагкашии мушакҳо истеъмоли ками маҳсулоти дорои калий, магний, калсий буда метавонад.

Табобат: бештар маҳсулоти ширӣ, сабзавот, гӯшт ва хурмои арабӣ истеъмол кунед.

Нафарони фишорашон баланд ва он афроде, ки санги гурда доранд, ба табиб муроҷиат карданашон лозим аст.

Захми меъда, зардаҷӯш, гастрит

Туршнокии аз ҳад зиёд дар меъдаи хлолӣ ҳангоми Рамазон сабабгори хурӯҷи захми меъда, зардаҷӯш ва гастрит шуда метавонад. Сӯзиши меъда дар зери қабурға ва зардаҷӯш то гулӯ паҳн мешавад. Ғизои тунд, қаҳва ва нӯшокиҳои газнок сабабгори хурӯҷ намудани бемориҳои номбурда мешаванд. Бо кумаки духтур туршнокии меъдаро назорат кардан мумкин аст.

Санги гурда

Санги гурда бар асари хеле кам истеъмол намудани об пайдо мешавад. Барои пешгирӣ намудани пайдоиши санги гурда оби бештар нӯшидан лозим аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *