Бемории Эрдуғон ва иқдоми зидди Русия, ки Меркел фош кард
Ангела Меркел –Сарвазири Олмон ҳафтаи гузашта барои музокирот дар мавриди оворагони ҷанги дохилии Сурия ба Туркия рафта буд.
Тавре як манбаи эронӣ хабар медиҳад, дар бозгашт аз Анқара Ангела Меркел матлаби ҷолибе аз иғтишоши фикрӣ ва равонии Президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон эълон доштааст. Хонум Меркел, ки ошкоро мекушид дар парда ва боэҳтиёт сухан гуяд, изҳор дошт: “ Туркия кишваре буд, ки тайи даҳсолаи гузашта бо суръат ба дунёи модерн мерафт ва пешрафта буд. Аммо акнун дар ҳоли бозгашт ба рузгорони сиёҳи гузашта аст!”
Ҳанс Шиллер, мутарҷими Вазорати корҳои хориҷаи Олмон , ки дар ин сафар ҳамроҳи Сарвазири Олмон буд, дар мусоҳиба бо хабарнигорони олмонӣ аз вуҷуди ашёи торихӣ ва бостонии Сурия ва Ироқ дар кохи азими навсохти қасри Президенти Туркия ибрози нигаронӣ кард ва гуфт: “Саркардагони ДИИШ осори таърихии дар музейҳои Ироқ ва Сурияро бударо рабуда, ба Туркия эҳдо кардаанд”.
Мутарҷими олмонӣ, ки дар мулоқотҳои хонум Меркел бо Эрдуғон иштирок дошт, бо ибрози шигифтӣ аз интиқоли ашё, осори таърихии осорхонаҳои Ироқ ва Сурия ба қасри президенти Туркия сухан гуфт ва фош сохта, ки тахти пурра тиллоии бостонии мансуб ба яке аз подшоҳони бостониро тавассути Абӯбакри Бағдодӣ ба Эрдуғон ҳадя шудааст.
Дар ин сафар Эрдуғон аз Сарвазири Олмон даъват кардааст, ки ӯ рӯи ин тахт бишинад. Аммо хонум Меркел ин даъватро рад кардааст.
Мутарҷими олмонии хонум Меркел , ки қаблан дар сафорати Олмон дар Туркия кор кардааст, ба хабарногорон гуфтааст: “ Эрдуғон дар мулоқот бо сарвазири Олмон бештар шабеҳ ба як бемори равонии худшефта ба назар мерасид, на сарвари як кишвар.Ӯ дар мулоқот урфи дипломатӣ ва протоколро риоя намекард! Вай дар ҳини музокирот аз собиқаи кори хонум Меркел дар Олмони Шарқии собиқ савол кард ва пурсид: “Оё ҳақиқат дорад, ки падари шумо (падари сарвазири Олмон ) барои созмони ҷосусӣ ва амнияти Олмон шарқӣ кор мекардааст?”
Ҳанс Йохан Шиллер (мутарҷими туркии истамбулии Вазорати корҳои хориҷии Олмон) ҳамчунин гуфтааст, ки иллати аслии ҷанг дар Сурия манобеъи азими гази Қатар аст. Барои ДИИШ ширкатҳои нефту гази Аврупо ва Амрико бо ҳимояти молии густурда ва саховатмандонаи Қатар ва Арабистони Саудӣ замина эҷод карданд, то бо тағйири режими Сурия гази Қатар ва нефти Арабистон Саудиро аз тариқи хати лулаҳо ва бо убур аз Сурия ва Туркия ба Аврупо бирасонанд ва бо ҳамин вобастагии нефти Аврупо ба нефту гази Русияро барои ҳамеша қатъ кунанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ