Бемории сил: Озмуни «Иншои беҳтарин» миёни толибилмони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ 

Барои иштироки фаъол дар озмуни “Иншои беҳтарин дар мавзӯи бемории сил”  120 толибилми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

Дар ин озмун толибилмони муассисаҳои  таълимии  ноҳияҳои Ёвон, Вахш, Восеъ ва Фархор муддати 4 рӯз, яъне аз таърихи 9 то 12 апрел идома ёфт.

Роҳандози шудани озмун, ки бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди бемории сил, толибилмон, устодон, намояндагони шӯъбаҳои маориф ва марказҳои ноҳиявии ташаккули тарзи ҳаёти солим ва инчунин духтурони силшинос ва намояндагон аз газетаҳои маҳаллиро гирди ҳам овард.

Дар маҷмӯъ 10131 толибилмони синфҳои болоӣ аз 111 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дар навишти иншо дар мавзӯи бемории сил иштирок кардаанд, ки ин дар доираи ҳамкориҳои байнисоҳавӣ байни Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил, “Ҳамкории боздошти сил дар Тоҷикистон”, Вазорати маориф ва илм, ва Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим амалӣ гаштааст.

Иншоҳои навиштаи толибилмон фарогири мавзӯҳои гуногун атрофи бемории сил буд, ки дар он ыо нишонащои аввалин ва рощщои пешгирии  ва табобат низ дар гардида буд.

Чорабинии мазкур дар доираи “Лоиҳаи минтақавӣ оид ба бемории сил дар Аврупои шарқӣ ва Осиёи марказӣ барои вусъат додани системаҳои тандурустӣ дар идораи босамари бемории сил ва шакли мутобиқгаштаи сил”, ки аз тарафи Хазинаи глобалӣ оид ба мубориза зидди СПИД, сил ва вараҷа маблағгузорӣ мешавад, баргузор гардидааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *