Беморони сил дар муддати кӯтоҳ шифо меёбанд
Дар меҳмонхонаи “Серена”-и шаҳри Душанбе семинари дурӯза баргузор гашт. Мавзӯи семинари баргузоршуда “Усули ба бемор равонагардидаи табобати бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” буда, дар он мутахассисони соҳаи силшиносӣ, намояндагони барномаи USAID вобаста ба бемории сил дар Тоҷикистон, ҳамчунин рӯзноманигорон иштирок доштанд.
Дар ин нишаст то куҷо муваффақ шудани барнома дар муолиҷа ва пайдо кардани гирифтори бемории сил дар миёни аҳолии кишвар андешарониҳо карда шуд.
Дар семинар қаҳрамонҳое низ ширкат доштанд, ки дар натиҷа роҳандозӣ гардидани реҷаи кӯтоҳмуддат комилан шифо ёфта, ҳамчун нафарони бехавф барои атрофиён мондаанд.
Гулбаҳор Мирзошарифова, яке аз собиқ беморони сил мебошад, ки баъд аз гирифтани “Реҷаи кӯтоҳмуддат” дар муддати 9 моҳ пурра табобат ёфтааст. Ӯ қайд кард, ки вақте фаҳмидам, ки бемории сил шудаам, хеле ғамгин шудам. Хулоса, баъди ду моҳи муолиҷае, ки давоми ду сол бояд идома меёфт, барномаи нав ҷорӣ гардид ва ман ба он шомил шудам. Ҳамин тариқ муддати 9 моҳ таҳти назорати духтурон қарор дошт ва ӯ аллакай шахси солим барои оила ва фарзандонаш аст.
Тоҷикистон дар қатори 30 кишвари дорои сатҳи баланди шакли мутобиқгаштаи бемории сил ва 18 кишвари муҳими минтақаи аврупоии Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ оид ба мубориза бар зидди бемории сил қарор дорад. Ин барнома ҳанӯз аз соли 2014 инҷониб роҳандозӣ шуда, барои панҷ сол пешбинӣ шудааст. Мақсад аз таъсиси ин барнома коҳиш додани сатҳи бемории сил ва аз байн бурдани паҳншавии он мебошад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ