Беморону ҳомилаҳои Бартангро чархбол  ба Хоруғ овард

Мақомоти вилояти Бадахшон гуфтанд, ки 28 сокини бемори минтақаи Бартанг, аз ҷумла шаш зани бордорро тавассути чархболи Вазорати дифоъ ба бемористони марказии Хоруғ интиқол додаанд. 

Бартанг тайи моҳҳои охир ба далели барфбории шадид ва фаромадани тарма дар инзиво қарор дорад ва роҳҳои заминӣ ба ин минтақа ҳанӯз бастааст.Шодихони Ҷамшед – раиси вилояти Бадахшон – рӯзи 29 март гуфтааст,ки  ҳамаи беморон дар шифохонаҳои Хоруғу Рӯшон ҷойгир ва аз онҳо ба таври зарурӣ муроқибат хоҳад шуд. «Асосан занҳои бордорро овардем, ки замони таваллудашон наздик аст. Як қисматашон хостанд, ки дар бемористони марказии Рӯшон бимонанд. Онҳоро дар ҳамон ҷо гузоштем. Хулоса, ҳар беморе, ки дар Бартанг буд, ба марказ овардем. Ба пизишкон супориш шудааст, ки ба сокинони водии Бартанг ва ноҳияҳои дигари дурдаст ёрии худро расонанд. Бо ин масъала ҷиддан машғул мешавам.»

Ватаншо Мирзоев, раиси маркази тандурустии Рошорв, яке аз деҳаҳои Бартанг, гуфт, ки дар миёни беморон афроди мубталои зардпарвин ва хунравӣ аз шуш низ ҳастанд. «Банди дасти яке аз онҳо шикаста буд ва воқеан ба кумаки табибон ниёз дошт», — афзуд ӯ.

Чархболи Вазорати дифои Тоҷикистон рӯзи 29 март ба рустоҳои Рошорв, Ғударра ва Басиди Бартанг маводи ғизоӣ бурда буд. Сокинони рустои Рошорв гуфтаанд, ки ин ёриҳо асосан аз шакару макарон, равған, чойи хушк ва намак иборатанд. Зикруллоҳ Тоирбеков, сокини ин русто гуфт, «ба деҳаи мо 150 кило шакар, 29 қуттӣ собун, 8 халта макарон, 66 литр равған ва наздик ба 80 кило намаку 200 литр сӯзишвории дизелӣ расид.»

Ин сокини деҳаи Рошорв мегӯяд, ки Шодихони Ҷамшед, раиси вилояти Бадахшон, дар масъалаи кай боз шудани роҳҳо гуфтааст, ин масъала ҳанӯз рӯшан нест. Дар ҳоле ки, ба гуфтаи ӯ, то 8 апрел боришот дар назар будааст. Худи Шодихони Ҷамшед дар суҳбат гуфтааст,ки  «дар ҳама ҷо зимистони вазнин омад. Як муддати дигар зарур аст, ки роҳ ба пуррагӣ боз шавад. Мутаассифона, дар баъзе ҷой ба монанди миёни деҳаҳои Сипонҷ ва Басиду Савноб куҳпора фаромадааст. Сангҳои калонро таркондан лозим аст. Мо маводи таркандро бурдем ва кор ба зудӣ анҷом мегирад.Бо ин ҳол, сокинони Бартанг мегӯянд, тайи ду моҳи охир рӯзҳои сахтеро паси сар гузоштанд ва ҳоло гармшавии ҳаво ва дар пайи он обшавии барфу тарма нигаронашон кардааст. Яке аз сокинони Бартанг гуфт, «мо дар як гӯшаи дурафтодаем ва мехоҳем, моро аз ёд набаранд. Ду моҳ чӣ гуна зистем, худамон медонему Худо. Аз як сӯ хавфи гуруснаву ташна мондан ва аз тарафи дигар хавфи дар зери барфу борон мондан. Бояд аз қабл тарҳи ҳалли ин гуна мушкилҳоро бикашиданд, ки дар чунин ҳолатҳо сардаргум назанем.»

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *