Бензема сабаби ба “Ал-Иттиҳод” рафтанашро гуфт

Футболбози фаронсавӣ Карим Бензема ба бошгоҳи арабии “Ал-Иттиҳод” гузариш кард. Маросими муаррифии ӯ бо ҳузури 62 ҳазор мухлис дар яке аз майдонҳои Арабистони Саудӣ доир гашт.

Вақте ки аз Карим Бензема сабаби интихоби лигаи Арабистони Саудиро пурсиданд, чунин посух дод:

— Арабистон кишвари мусалмонист, ман ҳам мусалмонам ва ҳамеша орзу доштам, ки дар чунин макон ба кори дӯстдоштаам машғул шавам.

Ҳамчунин, ҳамлавари “Ал-Иттиҳод” доир ба чемпионати Арабистони Саудӣ ва ташаккули он фикрашро баён кард:

— Боварӣ ҳаст, ки ин лига рӯз аз рӯз диққатҷалбкунанда шуда истодааст, зеро дӯсти ман Роналду ва инак, ман дар ин ҷо ҳастем.

Ёдовар мешавем, ки Карим Бензема бо бошгоҳи “Ал-Иттиҳод” барои ду мавсим шартнома баст ва дар ин муддат 200 миллион евро пул мегирад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *