Бераҳмтарин қумондон
Хӯҷа – командирро ба Тоҷикистон оварданд
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 16-уми феврали соли 2020 Хӯҷа Каримов, мулаққаб бо Хӯҷа командирро ба Душанбе овард. Ба қавли мақомот, ӯ ба «бандитизм, одамкушӣ, азобу уқубат, гаравгонгирӣ ва ғайриқонунӣ нигоҳ доштани силоҳи оташфишон» муттаҳам аст. Дар ин бора ВКД санаи 17 феврал хабар дод.
20 соли фирор
Хӯҷа-командир аз соли 2008 таҳти ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор дошт. Ӯ ба даст доштан дар ҷиноятҳои вазнин дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ, аз ҷумла, дар ғоратгарӣ, бандитизм, гаравгонгирӣ ва одамкушӣ, аз ҷумла дар қатли ду вакили парлумони Тоҷикистон айбдор мешавад.
Мавсуф моҳи ноябри соли 1998 дар назди бинои Маҷлиси Олӣ боздошт ва ба ҳабс гирифта шуда буд. Боздошти Хӯҷа-командир дар ҷомеа ба ҳадде таъсиргузор буд, ки аксарияти қумондонҳои вақти Фронти халқӣ саросемавор пойтахтро тарк карданд. Вале вай ба таври ногаҳонӣ озод шуд ва чанде ба баъд ғайб зад. Хӯҷа Каримов аз ангуштшумор фармондеҳони Фронти халқист, ки аз ҷазо раҳида, миллионҳо доллари дуздидаи худро ба хориҷа бурдаву то ҳанӯз боздошт нашуда буд.
Дар мавриди вазъи кунунӣ ва сарнавишти баъдии Хӯҷа командир шарҳи зиёде дар даст нест. Фақат маълум аст, ки «Истирдоди Хӯҷа ба воситаи Раёсати кофтукоби ҷиноии ВКД Тоҷикистон (сардораш – подполковник Шоҳрух Саидзода) сурат гирифтааст ва ӯ санаи 16-ум ба воситаи тайёраи “Сомон Эйр” ба Душанбе истирдод шуд.
Бераҳмтарин қумондон
Каримов Хӯҷа Раҳимович, маъруф бо лақаби «Хӯҷа-командир” 1 октябри соли 1960 дар ҷамоати деҳоти Қизил-Қалъа (ҳозира Дарбанд)-и ноҳияи Хуросон (Ғозималик) ба дунё омадааст.
Як муддат дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон таҳсил карда, то шурӯи ҷанги шаҳрвандӣ дар зодгоҳаш – ноҳияи Ғозималик фелдшер буд, соли 1992 ба Фронти халқӣ пайваст ва бо маслиҳати дӯсташ Файзалӣ Саидов, яке аз фармондеҳони аршади ин ҷониби ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон, ҳамроҳи Тағай Шукуров дар минтақаи Қизил-қалъаи ноҳияи Ғозималик хатти дуюми ҷабҳаи Фронти халқиро таъсис дод.
Хӯҷа баъд аз ошноӣ бо Файзалӣ Саидов ва Ёқуб Салимов, фармондеҳони маъруфи Фронти халқӣ ба сафи Фронти халқӣ пайваста, аммо дар ягон амалиёти ҷангӣ бевосита ширкат накардааст. Вай Ғозималик, яке аз ноҳияҳои калонтарини Тоҷикистонро тобеъи худ карда, бо баҳонаи поксозии ноҳия аз ваҳҳобиҳо мардуми бечораро қатл карда, сиёсаташро шинонид. Аз бераҳмтарин қотилони мавзеъ буд.
Дар солҳои нобасомонӣ дасти Хӯҷа-командир ба хуни чандин чеҳраҳо олуда шудааст. Аз ҷумла, вай Саидшо Шоев, раиси Корхонаи пахтаи ба номи С.Айнии ноҳияи Ленин (ҳоло Рӯдакӣ) ва вакили Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки бо кафолати мақомоти кишвар аз хориҷ ба Душанбе омада буд, пас аз Иҷлосияи Шӯрои Олӣ ҳамроҳи додараш ба гарав гирифта, дар Ғозималик мепарронад.
Хӯҷа Каримов бо бераҳмии фавқулодааш дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ном бароварда буд. Мегуфтанд, ки Хӯҷа барои як кори ночиз, ҳатто барои бад будани табъаш метавонист ягон касро парронад. Масалан, Саидаҳмад ном овозхонеро аз водии Вахш аввал ӯро ба пойҳояш тир зада, Саидаҳмади маҷруҳро бор карда, ба беморхона мебарад ва худаш теғи ҷарроҳиро гирифта, ҳар ду пои ӯро мебурад. Ин мард 27 сол боз аз пои равон маҳрум буда, бо гитор дар бораи даҳшатҳои даврони ҷанги шаҳрвандӣ таронаҳои ҳузнангез мехонад.
Тибқи ривояти шоҳидон, дар нимаи соли 1990 ба ҷони ӯ дар гардиши маҳаллаи 65-и пойтахт суиқасд карданд, вале бенатиҷа. Ин буд, ки Хӯҷа Каримови бағазабомада хост чанд вазирро гаравгон гирад. Вале Ғаффор Мирзоев, фармондеҳи вақти Горди Президент монеи ӯ шуд.
Хӯҷа Каримов дар соли 1995 аз округи 145-и Уялӣ вакили Маҷлиси Олии Тоҷикистон интихоб шуда, чанд муддат узви Кумитаи доир ба корҳои занон, ҳифзи сиҳатӣ, иҷтимоӣ ва экологии парлумон буд.
Хӯҷа-командир чӣ тавр аз Тоҷикистон фирор кард?
Хӯҷа Каримов соли 1997 президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон интихоб гардид. Давраи роҳбарии ӯ ба замони қумондонсолории футболи ватанӣ рост меояд, ки тақрибан дар саргаҳи тамомии клубҳои футболи мамлакат фармондеҳони мусаллаҳ меистоданд. Ба гуфтаи шоҳидон, он замон Хӯҷа-командир дар бахши варзиши Тоҷикистон “шоҳ” ҳисоб меёфт. Боре вай бе пушт-пушт бо чанд муҳофизаш вориди утоқи кории Зебунисо Рустамова, раиси Кумитаи варзиши Тоҷикистон шуда, дар ҳузури кормандон ӯро таҳқиру дашном кардааст.
Зимнан, маҳз ба ҳайси президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон ба хориҷа сафар карда, дигар ба Тоҷикистон барнагашт. Вай муқими Малайзия шуд ва ба тиҷорат машғул гардид. Моҳи ноябри соли 2008 ба Хӯҷа Каримов аз ҷониби “Интерпол” пайгарди қонунии байналмилалӣ эълом гардид.
Боздошти ногаҳонӣ
Ниҳоят, Каримов Хӯҷа Раҳимович, маъруф ба Хӯҷа-командир моҳи августи соли гузашта дар шаҳри Дубай аз ҷониби пулиси ин шаҳр боздошт шуд. Қарор буд, баъди боздошт ҳамон замон ба Душанбе интиқол ёбад, вале ин кор то ҳафтаи равон мавқуф боқӣ монд.
Мақомоти Тоҷикистон солҳои охир чанде аз ёрони ӯро ба зиндон маҳкум карданд. Додгоҳи вилояти Хатлон соли 2012 хоҳарзода ва яке аз муҳофизони Хӯҷа Каримовро дар куштори ду нафар, узвият дар гурӯҳи мусаллаҳи ғайриқонунӣ, латукӯб ва гаравгонгирӣ гунаҳкор донист.
Феълан, Хӯҷа Каримов дар Тоҷикистон аст, аммо сарнавишти ӯ чӣ хоҳад шуд, ин командири бераҳм чанд сол равонаи зиндон мешавад, номаълум боқӣ мемонад.
“Тоҷикистон” ин мавзӯъро пайгирӣ хоҳад кард.
О. СОҲИБЗОДА,
“Тоҷикистон”
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ