Бераҳмӣ дар Деваштич
Бегоҳии 18 июн 7 нафар сокинони Ҷамоати деҳоти «Қалъачаи Арбоб»-и ноҳияи Деваштич Абдуваҳҳоб Қодиров ном сокини деҳаи Басмандаи ҳамин ноҳияро бо белу каланд ва дигар олоти меҳнат ба сару рӯйи ӯ зада, ба марг рӯ ба рӯ карданд. Айни ҳол ҷабрдида дар шуъбаи эҳёи беморхонаи марказии ноҳия қарор дорад. Ҳоло ду нафар аз муштзӯрон аз ҷониби кормандони милитсия дастгир шуда, мавриди пурсуҷӯ қарор доранд. Ин ҳодиса чӣ тавр ва дар кадом ҳолат рух дод?
Абдуҳамид, бародари Абдуваҳҳоб: 18 июн, соати 3:30 дақиқаи шаб амакам Абдумаҷид ба ман занг заданд. Одатан дар чунин вақт ҳаргиз одати занг задан надоштанд. Гӯширо бардоштам, ки он кас бо ҳаяҷон «срочно биё, ки Абдуваҳҳобро задаанд» гуфтанд. Ман гумон кардам, ки латукӯби муқаррарист. Аммо амакам гуфтанд, ки ба зуди биё шояд ӯ мурад… Як рӯз пас аз ҳодиса аввал ба деҳа, баъд ба беморхонаи марказии ноҳия омадам. Бовар кунед, беморро медидаму ба додари худам буданаш боварам намеомад. Сару рӯ варам, пешониашро бо санг зада дарондагӣ. Пушти сар лату пора, гап намезанад. 10 рӯзи пурра аз дасти ваҳшонияти 4-5 марди худонотарс додарам дар шуъбаи эҳё беҳушу ёд хоб буд. Одамӣ магар то ҳамин ҳад ваҳшӣ мешавад? Он рӯз тарсидам, ки модарамро ҳам аз даст медиҳам. Зеро ҳар гоҳ, ки модарам ба додари латукӯбшудаам нигоҳ мекард, фишори хунаш баланд шуда, гоҳ аз ҳуш мерафту гоҳ ба ҳуш меомад…
«Номардҳо аз қафо заданд…»
Баъд аз ба ҳуш омадан ӯро чун кӯдаки навзод хӯрок медиҳем. То ҳол мустақилона ҷунбида наметавонад. Базӯр ғурронгос мезанад. Боре гӯшамро ба даҳонаш наздик бурда, суханашро гӯш кардам, ки ҳамагӣ як гап мегӯяд: «Номардҳо аз қафо заданд». Маълум, ки барои додарам ҷароҳати вазнини бардоштаам не, номардона бошиддат ба каланд задани сокинони деҳаи Қалъача аламовар буд. Барои ба худ омадану ба гап даромадани додарам шояд солҳо даркор бошад. Ба болои ин ҳама ҳамон рӯз фарзанди ман Шаҳзод Қодировро, ки дар синфи 8 мехонад низ зада, сарашро кафондаанд. Шукр, ки ҳоло вазъи саломатии ӯ хуб аст, аммо то ҳол хобу ором.
Мардуми мо рӯйхотир карданро дӯст медоранд, хоса мардуми деҳа. Баъзеҳо мегӯянд, ки муҳим ҷонаш амон монд, суду судбозӣ накунед, ҳама сокини як ноҳия ҳастед. Аммо сад дар сад бовар дорам, ки он кас ки чунин маслиҳати ба таври худ созандаро дод, вазъияти дар бистари марг будани фарзанди падари маро надидааст. Ё чунин ҳодисаи нохуш сари оилааш наомадааст. Оё 1 не, 5 марди тануманд дар ҳоли бехабарӣ ӯро белу каландборон кунанду мо рӯйхотир гуфта, муҳри хомӯшӣ ба лаб занем? Рӯзи ҳодиса агар як соат дер мекарданд, додараки ҷабрдидаам кайҳо зери хоки сард мерафт. Аз ин рӯ, аз қонун ҳамагӣ як хоҳиш дорам: Гунаҳгорон ба ҷинояти кардаашон мувофиқ ҷазо гиранд…
Башорат: Муноқишаро кӯдакон сар каданду…
Мо шабхобрав ба деҳаи Қалъаи Арбоб рафтем. Он ҷо, ки замин харида, картошка кошта будем, мавсими каланд ҷаро расида буд. Он рӯзи наҳс то нисфирӯзӣ кор кардем. Вақти хӯроки чошт шуд. Писари додаршӯям Шаҳзод барои обгирӣ ба назди чоҳи об рафт. Он ҷо чанд бача гирд омада буданд. Онҳо монеи обгирии Шаҳзод шуданд. Аввал оби гирифтаи ӯро чаппа карданд. Байни ҷанги бачагонаи ду-се кӯдак як ҷавони тақрибан 18-20 солаи зардина ҳам ҳамроҳ шуд. Ӯ ба ҷои созиш андохтан, сари Шаҳзодро зада кафонд. Додаршӯям, ки дар Россия қарор дошт, фарзандони ӯ амонат дар дасти шавҳарам буданд. Шавҳарам аз дер кардани Шаҳзод хавотир шуда, ба назди чоҳи обкашӣ рафт. Мо ҳам дастушӯӣ рафтем. Шавҳарам пештар аз мо рафт ва бинад, ки сари ҷиянаш ба хун оғӯшта. Гирди сари ӯ пур аз одам. Барои бори дигар аз сараш зарба нахӯрдан шавҳарам худро болои Шаҳзод мепартояд, то ӯро муҳофизат кунад. Баногоҳ аз даруни мошин 5 мард фаромада, мисли мафиябозиҳои кино ба тарафи шавҳарам давиданд. Онҳо бо ҳақорату дашном, ки «шумо ҳам аз деҳаи мо замин мегиреду ҳам бачаҳоятон бо бачаҳои мо ҷанг мекунед» дарафтоданд. Як марди ҳузарб каланди дар дасташбурдаро бардошта, ба сари шавҳарам зад. Зарба задан замон хун ба сару рӯяш шорид. Шавҳарам тамоми қувваашро сарф карда, ба қафо гашт, то каландзанро бинад. Ҳамин вақт нафари дигар санги тахминан баробари тӯби футболиро гирифта, ба пешонии шавҳарам зад, ки ӯ ба замин афтод.
Бо тамоми овоз атрофиёнро ба ёрӣ мехондаму мегиристам. Ба он мардҳои худобехабар аз тарс гапи сахт намегуфтам, ки мабодо маро ҳам мисоли шавҳарам бо белу каланд назананд. Танҳо хоҳиш кардам, ки акнун шавҳарамро зада, нимкушта кардед, бо мошинатон ӯро ба бемористон баред. Вале он золимон ба мошин шиштанду чанги заминро ба фалак печонида, ғайб заданд. Танҳо тавонистам, ки рақами мошини онҳоро навишта гирам… Шавҳарамро ҳимоя карда натавонистам… Ба деҳа занг зада, вазъиятро нақл кардам. Баъди як соат аз деҳа омада расиданд, ки аллакай заминро хун пур карда буд ва шавҳарам кайҳо аз ҳуш беҳуш шуда буд…
Духтур Назаров: Ҳамагӣ 25% умеди зинда монданаш буд, аммо…
Ба бемор ба таври фаврӣ ҷарроҳии асаб лозим буд. Аз Хуҷанд дар давоми як соат чунин духтур омад. Маслиҳат кардем, ки бояд ҳамон устухони сар, ки майнаро пахш кардааст, гирифта партоем. Ҳамагӣ 20-25% умеди зинда монданаш буд. Агар ду соати дигар дер меоварданд, зинда намемонд…
Барои устухони шикастаро гирифтан ҳаҷми ҷароҳатро зиёдтар кардем, ки тахмин ба 18 см расид. Агар чунин намекардем, гемотом ҳароммағзро пахш карда, бемор зинда намемонд. Вақти зиёд лозим аст, ки ӯ дубора саломатияшро барқарор кунад…
Хостем оиди ин ваҳшоният аз мақомоти прокуратураи ноҳия маълумот гирем, вале прокурори ноҳия аз суҳбати телефонӣ худдорӣ кард. Бо дастрас шудани маълумоти тоза дар ин мавзӯъ хонандагонро ҳатман огоҳ хоҳем кард…
Фарзона Муродӣ,
Хуҷанд-Деваштич-Хуҷанд
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ