Бердиалиеви 78-сола … донишҷӯ шуданист

Мамадқул Бердиалиев, сокини 78-солаи ноҳияи Ангори вилояти Сурхондарё барои шомил шудан ба бахши Донишгоҳи давлатии кишоварзии Тошканд дар шаҳри Тирмиз, маркази вилояти Сурхондарё ҳуҷҷат супоридааст.

Мамадқул Бердиалиев, сокини 78-солаи ноҳияи Ангори вилояти Сурхондарё барои шомил шудан ба бахши Донишгоҳи давлатии кишоварзии Тошканд  дар шаҳри Тирмиз, маркази вилояти Сурхондарё ҳуҷҷат супоридааст.

Бердиалиев гуфтааст, ки дар оянда соҳиби маълумоти олӣ шуда мехоҳад дар таъмини амнияти озуқаворӣ дар Ӯзбекистон саҳми худро гузорад.

Дар соли ҷорӣ пирамарди дигари ӯзбекистонӣ-Тоштемир Холиқови 72-сола, сокини ноҳияи Қуваи вилояти Фарғона низ ба Донишгоҳи давлатии Фарғона ҳуҷҷатҳояшро супоридааст.

Тибқи маълумоти Вазорати маълумоти олӣ ва миёнаи Ӯзбекистон, дар пайи лағви маҳдудияти синну сол дар таҳсилоти олӣ дар соли ҷорӣ теъдоди довталабон аз ҷумлаи афроди синнашон аз 50-сола боло афзоиш ёфтааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *