Бердимуҳаммадов ба «кома» наафтодааст, ин ҳама овозааст!

Сафорати Туркманистон дар Русия овозаҳоро дар бораи бад шудани сиҳатии президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов рад кард.

«Иттилои баъзе аз расонаҳо дар бораи он ки гуё сиҳатии президенти Туркманистон бад шудааст, комилан беасос аст», — хабар додааст сафорат.

Овозаи бад шудани вазъи саломати Бердимуҳаммадовро рӯзи сешанбе баъзе аз саҳифаҳои марбут ба корбарони Русия дар паёмрасони Telegram паҳн карданд.

Рӯзи 20-уми сентябр расонаҳои давлатии Туркманистон ҷаласаеро бо иштироки Бердимуҳаммадов нишон доданд.

Овозаҳо дар бораи бадшавии сиҳатии Бердимуҳаммадов борҳост, ки дар расонаҳо паҳн мешаванд. Ҳар дафъа баъди кампайдо шудани президент дар пардаи телевизион чунин овозаҳо паҳн мегарданд.

Ба ин тартиб, моҳҳои июл-августи соли 2019 Бердимуҳаммадов қариб як моҳ дар расонаҳо зоҳир нашуд ва ба ин далел дар бораи бемории вай ва ҳатто маргаш овозаҳо паҳн шуданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *