Бердимуҳаммадов вазири корҳои дохилиро аз ҷаласаи ҳукумат пеш кард

Президент Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дар ҷаласаи васеи Девони вазирони Туркманистон вазири умури дохилии ин кишвар Искандар Муликовро аз мақом барканор ва аз толор пеш кардааст.

Бердимуҳаммадов пас аз шунидани ҳисоботи Ботир Атдаев, додситони кулли Туркманистон дар бораи ҳолатҳои аз мақом сӯистифода кардани Муликов, ӯро аз мақом барканор кардааст.

Рутбаи Муликов то ба сатҳи майор поин бурда шуда, аз тамоми мукофотҳои давлатӣ маҳрум гашт. Ба ҷои ӯ Мамедхон Чакиев, ки то ин замон муовини раиси Девони вазирон буд, вазири умури дохилии Туркманистон таъйин шуд.

Ин дар ҳолест, ки чанде пеш бахши туркмании Радиои Озодӣ аз боздошти ронандаи Искандар Муликов — Мақсад Амонов хабар дода буд. Манобеъ хабар медиҳанд, ки боздошти ронандаи вазир баъди ҳабси тоҷири ишқободӣ Чари Қулов ва вазири пешини равобити иқтисоди хориҷӣ Амандурдӣ Ишанов сурат гирифтааст.

Бино ба хабарҳо, дар шаҳри Ишқобод чандин фурӯшгоҳ, тарабхона ва қаҳвахона ба Муликов тааллуқ доштаанд. Тарабхонаи «Океан», қаҳвахонаҳои «Айперӣ» ва «Ғизои туркӣ» мусодира карда шуданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *