Бесарнишинҳои Эрон ба Русия расиданд
Русия аввалин ҳавопаймоҳои ҷангии бидуни сарнишини эрониро барои истифода дар ҷанги Украина дарёфт кардааст.
Дар ин бора нашрияи «The Washington Post» бо такя ба мансабдорони амрикоӣ, ки номашон зикр намешавад, хабар додааст.
Кохи Сафед қаблан гуфта буд, ки аз нақшаҳои Русия барои дарёфти «садҳо» ҳавопаймои ҷангӣ аз Эрон огоҳ аст, вале Маскав ин иддаоро рад кард.
Ба иттилои «The Washington Post», бесарнишинҳо тавассути ҳавопаймоҳои боркаш аз Эрон ба Маскав оварда шудаанд. Гуфта мешавад, сухан дар бораи ду навъи ҳавопаймоҳои бидуни сарнишини ҳамлавар (Mohajer-6 ва Shahed) меравад, ки қодиранд ба низомҳои тӯпхонаӣ, радарҳо ва ҳадафҳои низомии дигар ҳамла кунанд.
Нашрия ҳамчунин қайд кардаааст, ки мутахассисони рус дар рафти озмоишҳои аввалин мушкилоти зиёди фаннии ҳавопаймоҳоро ошкор кардаанд, ки истифодаи онҳоро дар ҷанг мушкил мегардонад. Яке аз ҳамсуҳбатони нашрия бидуни ироаи ҷузъиёт гуфтааст, ки «русҳо розӣ нестанд».
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ