100 нафар  варзишгарони Ӯзбекистону Қирғизистон дар Наврӯзи Мастчоҳ

Имрӯз дар ҷамоати деҳоти Палдораки ноҳияи Мастчоҳ ҷашни Наврӯз таҷлил карда шуд. Дар ин  чорабинии идона беш аз 100 нафар варзишгарону меҳмонон аз ду кишвари ҳамсоя-Ӯзбекистон ва Қирғизистон иштирок доштанд. Дар баробари меҳмонон, инчунин раиси ноҳия-Ғайрат Азиззода ва дигар масъулини МИҲД-и ноҳияи Мастчоҳ ширкат варзида, ҳозиринро бо фарорасии Наврӯзи аҷам табрик намуданд.

Раиси ноҳияи Мастчоҳ-Ғайрат Азиззода

Раиси ноҳияи Ғайрат Азиззода дар баромади идонаи худ   зикр кард, ки   Наврўз яке аз суннатҳои кўҳани халқҳои Шарқ мебошад, ки он ҳар сол на танҳо дар сарзамини  кўҳандиёри мо-Тоҷикистон,  балки дар Эрон, Афғонистон, Озорбойҷон, Туркманистон, Қазоқистон, Ўзбекистон, Туркия ва Ҳиндустон низ бо  шукўҳу шаҳомати хос таҷлил мегардад.  Азиззода Наврӯзро  иди бедории табиат, оғози кишту кор, эҳёи анъанаҳои ниёгон хонда, гуфт:

 —Дар давраи Истиқлолияти давлатӣ дар Тоҷикистон Наврўз шукўҳу таҷаллии тоза пайдо кард. Басо рамзист, ки дар давраи ҷаҳонишавӣ Наврўз мақоми  байналмиллалиро гирифт ва ин бесабаб ҳам нест. Наврӯз моҳиятан ҷашни инсонпарварона ва зебоипарастист. Бинобар ин мо, тоҷикистониён, ин ҷашнро ҳамчун мероси муқаддастарини ниёгон ва ҷашни покию зебоӣ, баҳору эҳё дар дар фазои истиқлолу ваҳдат бо шукргузорӣ ва бо шукўҳ таҷлил менамоем.

Ҳолати барои тамошо ҷамъ омадани сокинон

Раиси ҷамоати Палдорак, Ҷумъабой Сафаров  оид ба ин ҷашни аҷдодӣ гуфт: -Наврўз анъанаи неки ниёгони мо мебошад, ки дар сайри таърихии худ роҳи пурпечутобро тай намуда, то ба ин рўз мазмуни ғанитар касб  кардааст. Боиси хушнудию сарфарозист, ки дар сессияи 64-уми Ассамблеяи Генералии СММ дар чаҳорчўбаи «Тамаддуни ҷаҳонӣ» аз 23-феврали соли 2010 Наврўз мақоми байналмилалӣ   гирифт. Мо хушбахт аз онем, ки ин ҷашни байналмилалӣ дар вилояти Суғд пеш аз ҳама дар ноҳияи мо, маҳз дар ҷамоати мо таҷлил шуда истодааст.

Гуштини миллӣ

Мураббии калон оид ба гуштини миллӣ, мураббии шоиста, Дадабоев Набӣ, ки дар ин чорабинӣ варзишгаронро сарварӣ мекард гуфт: Боиси хушнудист, ки дар диёри мо баҳор омадаву фасли иду айёмҳо дари ҳамватанонамонро мекӯбад. Дар Наврӯзи ҷамоати Палдорак танҳо аз ду давлати ҳамсоя беш аз 100 нафар варзишгарону меҳмонон иштирок намуда истодаанд.  Инчунин аз тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят: Шаҳрҳои Хуҷанд, Истаравшан, Бӯстон, Гулистон ва ноҳияҳои Исфара, Спитамен, Ҷаббор Расулов, Зафаробод, Б. Ғафуров, Деваштич ва тамоми ҷамоату деҳоти ноҳияи Мастчоҳ варзишгарон иштирок карда, аз рӯи варзиши намуди гуштини миллӣ ва  ресмонкашӣ қувваозмоӣ карда, ғолибон бо тӯҳфаҳои наврӯзӣ қадрдонӣ шуданд.

Ресмонкашӣ

Дар маҷмӯъ беш аз 2300 нафар барои таҳлил Наврӯз дар ҷамоати деҳоти Палдорак  иштирок карданд.

                                                                                                                                                            Фарзона Муродӣ

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *