Беш аз 1000 чорабинии фарҳангӣ ба муносибати ҷашни Наврӯз

Аз 1 март то 5 апрел дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон 1077 чорабинии фарҳангӣ баргузор мегардад.

Бо назардошти аҳамияти махсуси ҷашни байналмилалии Наврӯз Вазорати фарҳанги Тоҷикистон бобати омодагӣ ва таҷлили сазовори он «Консепсияи Наврӯзи деҳот» ва «Тақвими баргузории чорабиниҳо бахшида ба ҷашни Наврӯз»-ро таҳия намудааст.

 Мутобиқи «Тақвими баргузории чорабиниҳо бахшида ба ҷашни Наврӯз» аз ҷониби муассисаҳои фарҳангӣ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо чорабиниҳои оммавию сиёсӣ ва намоиши ҳунарҳои бадеии халқӣ баргузор мегарданд.

Инчунин, намоишҳои театрикунонида ва таърихию асотирӣ, мусобиқаҳои фарҳангию варзишӣ, зеҳнӣ, саёҳати мавзеъҳои таърихӣ, намоиши суннатҳои наврӯзӣ бо оростани хони наврӯзӣ  ва корҳои созандагию бунёдкорӣ ба нақша гирифта шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *



preload imagepreload image