Беш аз 13 ҳазор ҷавондухтари тоҷик дар 42 давлат таҳсил мекунанд
Имрӯзҳо дар 42 давлати дунё 42 ҳазору 315 нафар ҷавонони боистеъдоди мо таҳсил мекунанд, ки беш аз 13 ҳазор нафар ё 30 фоизи онҳоро духтарон ташкил медиҳанд.
Танҳо дар даҳ соли охир 11 ҳазор нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро бо квотаи президентӣ хатм кардаанд.
Ин нуктаро Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 7 март зимни ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Модар дар «Кохи Борбад» изҳор дошт.


“Тибқи маълумоти оморӣ соли 1989, яъне дар 70 соли низоми гузашта дар Тоҷикистон ҳамагӣ 66 ҳазор нафар занону бонувон соҳиби маълумоти олӣ буданд. Дар замони соҳибистиқлолӣ беш аз 256 ҳазор нафар духтарон баъди хатми муассисаҳои таҳсилоти олӣ соҳиби маълумоти олӣ ва касбу ҳунар гардидаанд. Яъне шумораи духтарону бонувони соҳиби маълумоти олӣ нисбат ба давраи қабл аз истиқлол қариб чор баробар афзудааст”,-таъкид дошт Сарвари давлат.
Гуфта шуд, ки ҳоло боз 100 ҳазор нафар духтарон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат ва 13 ҳазор нафар дар кишварҳои хориҷӣ ба омӯхтани илму дониш ва касбу ҳунар машғуланд.
Аз оғози таъсиси квотаи президентӣ зиёда аз 14 ҳазор нафар духтарони боистеъдоди тоҷик, бахусус, аз ноҳияҳои дурдаст муассисаҳои таҳсилоти олии кишварро бо истифода аз ин имконият хатм кардаанд.
Дар замони соҳибистиқлолӣ беш аз 680 ҳазор нафар духтарону бонувон ҳамаи зинаҳои таҳсилоти касбиро хатм карда, соҳиби касбу ҳунар гардидаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ