Беш аз 21 миллион хароҷоти Парлумони Тоҷикистон дар соли 2022
Соли 2022 барои фаъолияти Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ва сохторҳои он бештар аз 21 миллиону 100 ҳазор сомонӣ харҷ хоҳад шуд.
Вакилон ҳангоми баррасии хароҷоти соли нав гуфтанд, ки мувофиқи қонун «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барон соли 2022» барои Маҷлиси намояндагон ва сохтори он 21 155 200 сомонӣ ҷудо шудааст.
Муҳаммадато Султонов, сухангӯи Парлумони кишвар гуфт, ки ин тасмим дар ҷаласаи охирини вакилони палатаи поёнии Парлумон рӯзи 29-уми декабр гирифта шуд.
Дар ин ҷаласа Ҷамшед Муртазозода — раиси Комиссия оид ба назорати дастур ва ташкили кор гуфтааст, барои маоши маъмурони дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, ки 118 нафар 717 000 сомонӣ ва барои ҳайати техникӣ ва хизматрасонӣ, ки 162 нафарро ташкил медиҳанд, 124 000 сомонӣ пешниҳод шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ