Беш аз 2280 медал дар нуҳ моҳ. Дастоварди варзишгарони Хатлон

Давоми нуҳ моҳи соли равон варзишгарони вилояти Хатлон беш аз 2 ҳазору 280 медал ба даст оварданд. Назар ба соли гузашта дастоварди варзишӣ бештар будааст.

Аз Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиш дар вилояти Хатлон ба Pressa.tj гуфтанд, ки варзишгарон аз иштирок дар 126 мусобиқаи ҷумҳуриявӣ 2 ҳазору 177 медал ба даст оварданд.

«Аз ин 721 медали тилло, 645 нуқра ва 811 медали биринҷӣ мебошад. Аз иштирок дар 29 мусобиқаи байналмилалӣ бошад, варзишгарони вилояти Хатлон соҳиби 34 медали тилло, 17 нуқра ва 61 биринҷӣ гардиданд»,-иттилоъ медиҳад манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *