Туркия

Беш аз 40 ҳазор қурбонӣ. Харобиовартарин фоҷеа дар Туркия ва Сурия

Теъдоди қурбониёни заминларза дар Туркия ва Сурия аз марзи 40 ҳазор нафар убур кард.

— Шумори ҳалокшудагон аз заминларза дар Туркия ба зиёда аз 35 ҳазор нафар расид,- хабар дод президенти ин кишвар Раҷаб Тайиб Эрдуғон.

“Ин рақам аз нишондиҳандаи заминларзаи соли 1939 зиёдтар буда, акнун фоҷеаи моҳи феврали соли равон дар таърихи муосири Туркия харобиовартарин дониста мешавад”,- менависад ВВС.

Гуфта мешавад, ки теъдоди умумии қурбониён дар Сурия бо шумули ҳалокшудагон дар минтақаи ошӯбгарон ва дар ноҳияҳои таҳти назорати ҳукумат ба 5 ҳазору 800 нафар расидааст.

“Шумораи умумии кӯдакони осебдида аз ду заминларза дар Туркия 4,6 млн нафарро ташкил медиҳад. Дар Сурия 2,5 млн нафар кӯдакон осеб дидаанд”,- хабар додааст ба рӯзноманигорон сухангӯи ЮНИСЕФ Ҷеймс Элдер.

Рӯзи сешанбе имдодгарон аз зери харобаҳо Муҳаммад Энес Енинари 17-соларо ҳамроҳи бародари 21-солааш Абдулбоқӣ пас аз 198 соати пас аз заминларза берун гирифтанд.

Ҳамчунин, рӯзи сешанбе дар Қаҳрамонмаръаш имдодгарон аз зери вайронаҳо як писар ва як мардро наҷот доданд. Онҳо 200 соатро зери вайронаҳо паси сар кардаанд.

Расонаҳои Туркия навиштаанд, ки имдодгарон то ҳол умедворанд дар чанд макони дигар, ки зери харобаҳо осори ҳаёт пайдо шудааст, наҷотёфтагонро пайдо кунанд.

Президенти Туркия Эрдуғон рӯзи сешанбе хабар дод, ки дар корҳои наҷотдиҳӣ ба сурати умум 249 ҳазор нафар иштирок доранд. Ба гуфтаи ӯ, дар ҳоли ҳозир беш аз 13 ҳазор нафар шаҳрвандони ин кишвар дар бемористонҳо табобат мегиранд.

Эрдуғон зикр кардааст, ки корҳои наҷотдиҳӣ дар манотиқи офати табиӣ то замони берун овардани охирин нафари зиндамонда аз зери харобаҳои биноҳои фурӯрехта идома хоҳад кард.

Дастаи наҷотдиҳандагони Тоҷикистон корҳои худро дар яке аз қитъаҳои душвори оқибатҳои заминларза дар Туркия — Қаҳрамонмаръаш идома медиҳад. Аз оғози корҳои наҷотбахшӣ ба гурӯҳи имдодгарони тоҷик муяссар шуд, ки 109 ҷасадро дарёфт ва берун гиранд. Дар ин муддат ба онҳо ҳамчунин муяссар шуд, ки аз зери тӯдаи оҳану хокпора одамони зиндаро наҷот диҳанд. Танҳо дар зарфи ду рӯз имдодгарони тоҷик се нафарро зинда наҷот доданд, ки ду нафарашон кӯдакони хурдсол мебошанд.

Бино ба маълумоти Кумита, дар мавзеъҳои таърихии Қаҳрамонмаръаш қариб ягон бинои бутун боқӣ намондааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *