Беш аз 449 миллион сомонӣ қарзи умумии барқ дар Бохтар
Мувофиқи маълумоти филиали Ҷамъияти саҳомии кушодаи Шабакаҳои тақсимоти барқ дар шаҳри Бохтар, қарзи умумии барқ феълан бештар аз 449 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Қарзи барқ дар ҳамин давраи соли 2021 наздики 395 миллион сомонӣ буд.
Бино ба маълумоти идораи болозикр, қарзи аҳолӣ аз ҳаққи истифодаи барқ зиёда аз 129 миллион сомонӣ аст. Қарзи дебитории ҷорӣ бошад, 22 миллиону 850 ҳазор сомонӣ ва қарзи дебиторӣ ба ҳисоби солҳои пеш наздики 298 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Мувофиқи маълумоти Ҷамъияти саҳомии кушодаи Шабакаҳои тақсимоти барқ дар шаҳри Бохтар, қарзи барқ дар ҳамин давраи соли 2021 дар маҷмуъ 394 миллиону 940 ҳазору 200 сомонӣ будааст.
Машраби АЛОВИДДИН
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ