Беш аз 90 млн. доллар қарзи беруна пардохт шуд
3 августи соли равон зимни нишасти матбуотии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбари ниҳоди мазкур Файзиддин Қаҳҳорзода иттилоъ дод, ки то 1 июли соли равон маблағи умумии қарзи берунаи Тоҷикистон аз 2893,3 млн доллари ИМА иборат мебошад. Ин нишондод ба 38,9% Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ баробар аст.
Ф. Қаҳҳорзода афзуд, ки қарздиҳандагони асосии берунаи Тоҷикистон ҳамоно Эксимбонки Хитой мебошад, ки ҷумхурӣ аз он $1,2 млрд қарз дорад. Баъд аз ин кишварамон аз Бонки умумиҷаҳонӣ $318 млн., аз Бонки рушди Осиё $278 млн., Бонки рушди ислом $112 млн. ва аз фурӯши коғазҳои давлатии қиматнок дар бозорҳои байналмилалӣ $500 млн. қарздор мебошад.
Тоҷикистон то имрӯз 90,6 млн. доллар қарзи берунаашро пардохт намудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ