“Бессмертний полк” дар Душанбе қадам намезанад

Мақомоти шаҳри Душанбе барои роҳпаймоии “Полки безавол”, ки 9-уми май дар назар буд, иҷозат надодаст. 

Тибқи иттилои Шӯрои собиқадорони ҷанг мақомоти Тоҷикистон далели надодани иҷозатро ба масоили амниятӣ рабт додаанд.

Бархе аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз ин тасмим изҳори нороҳатӣ карда, баён доштанд, ки барои ин чорабинӣ омодагӣ дида буданд.
Қаблан мақомоти Узбакистон низ маъракаи роҳпаймоии “Полки безавол”-ро манъ карда буданд.

Роҳпаймоии “Полки безавол” ҳамасола 9-уми май дар Рӯзи Ғалаба дар бархе аз кишварҳои шӯравӣ, аз ҷумла Русия баргузор мешавад. Дар ин маърака шаҳрвандон бо бардоштани акси наздиконашон, ки дар ҷанги бузурги ватанӣ иштирок кардаанд, роҳпаймоӣ мекунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *