Бетартибӣ дар нақлиёти ҷамъиятӣ. Айб дар ош аст ё дар мош?

«Разбор»-и дохили нақлиёти ҷамъиятӣ зоҳиран аз баҳсноктарин мавзуҳо барои шабакаҳои иҷтимоӣ аст. Ҳафтае нест, ки касе аз сахт ё оҳиста рондан, аз зиёд таваққуф кардану мусофири бисёр гирифтан, дағаливу ҳақорати ё ронанда ва ё пулчинаки нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Душанбе шикоят накунад. Солҳост ин кашокаш ҷо дорад ва солҳост, ки фаъолияти нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Душанбе ба танзим намедарояд. Иллат чист? Айб дар мош (мусофир) аст ё дар ош (ронанда)?

Яке аз имтиёзҳои касби ман (рӯзноманигорӣ) — ин сафар кардан ба шаҳру кишварҳои гуногун аст. Бо баҳонаи иштирок дар нишасту конфронсҳо ва барномаҳои омӯзишӣ даҳҳо шаҳри мухталифро дидам ва равнақу тараққии онҳоро бо Душанбе қиёс кардам. Душанбе хубиҳои зиёд дорад ва мутаассифона, нохубиҳо ҳам. Яке аз нохубиҳояш ҳамин нақлиёти ҷамъиятиаш аст.

Биёед нақлиёти ҷамъиятии Душанберо бо нақлиёти ҷамъиятии Алмаатои Қазоқистон муқоиса кунам. Ман имсол ҳудуди ду моҳ дар Алмаато қарор доштам ва пайваста аз автобусҳояш истифода мекардам. Аксари автобусҳои Алмаато нав ва покиза ҳастанд. Пардохтҳо ҳам нақдӣ, ҳам тариқи корт ва ҳам онлайнӣ ба роҳ монда шудааст. Автобусҳо қатъиян дар истгоҳ меистанд ва ҳамин ки мусофирон берун шуданду мусофирони дар истгоҳ буда нишастанд, автобус ҳаракат мекунад. Агар 15-20 қадам дур будед, лоилоҷ бояд мунтазири автобуси навбатӣ шавед. Борҳо шоҳид шудам, ки мусофирони бечора то дами дари автобус медавиданд ва дар пешорӯяшон пӯшида мешуд.

Чӣ қадр бераҳмона, на?! Вале назму тартибот ҳамин аст, барои ҷорӣ кардани назму тартиб гоҳо бояд бераҳму бегузашт буд.

Дар пойтахтҳо ва шаҳрҳои бузурги кишварҳои Осиёи Марказӣ (ба истиснои Туркманистон, ки онҷоро надидаам) нақлиёти ҷамъиятӣ назму тартиб дорад.

Акнун ҳолати нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Душанберо баррасӣ кунем: автобусу троллейбусу спринтерҳо ба қавле «дар любой ҷо» меистанд, илло дар истгоҳ. Графикаи муайяни рафтуомад надоранд ва ронандаву пулчинакҳояшон «шоҳу вазиранд». Сар аз дару тиреза берун кардани пулчинак ва «Корвон»-у «Саховат», «Садбарг»-у «Қараболо» фарёд кардани онҳо падидаи бад ва нестандарҷаҳон аст, ки Душанберо ба як рустои ақибмонда шабеҳ мекунад.

Дохили як «спринтер» агар 30 мусофир савор бошад, як-ду нафар ғаму андуҳ дорад, ду-се нафар мушкили молӣ дорад, ду-се каси дигар дар ғами нону об аст, иддаи дигар даргири мушкилиҳои иҷтимоии дигар, касе хобашро нагирифтааст, нафари дигар ба коре/коргоҳе/мулоқоти муҳиме шитоб дорад.

Дар чунин вазъият ронанда суруди ё Зафарча, ё Бобораҷаб ва ё овозхони номгуми дигарро баланд мондаву парвои одаму олам надорад ва ҳар дам салони спринтерро аз оина нигоҳ мекунад, ки чанд ҷои рост истодан боқӣ мондааст. Дид ки салон холӣ ё нимахолӣ аст, бо суръати 10 км/дар соат ҳаракат мекунад ва ҳамин ки салон пур шуд, бо суръати 60/70 км/соат. Аҳволи автобусҳо аз спринтер бадтар.

Ду хати сайре, ки камо беш танзим доранд — автобусҳои 3 ва 8 ҳастанд, ки инҳо ҳам «пеш аз светафору баъди светафор, пеш аз гардишу баъди гардиш» меистанду мусофир мегиранду мусофир мефароранд.

Дар чунин шароит бисёре аз мусофирон ҷон ба лаб мерасанд, вале ҷуръат намекунанд садо баланд созанд. Агар касе пайдо шуд, ки эътироз кунад, аз як сӯ ҳамлаву дашноми ронандаву пулчинак, аз сӯи дигар хомӯшиву бепарвоии мусофирони боқимонда эътирозгарро шармсор ва дар арақ тар мекунад.

Табиист, ки касеро оҳиста рондан, каси дигарро тез рондан ба хашм меорад. Он чизе, ки мусофирон мехоҳанд ва мутаассифона наметавонанд, дуруст баён кунанд — назму эътидол аст.

Яъне, мусофири бечора наметавонад бигӯяд, ки ман эътидол ва назм мехоҳам. Эътидол — на бо суръат ва на оҳиста ҳаракат кардан. Назм — аз меъёр зиёд мусофир нагирифтан, ҳар ҷойи мувофиқу номувофиқ ист накардан, танҳо дар истгоҳҳо истодан ва он ҳам зиёд наистодан.

Мақомоти шаҳри Душанбе натавонистанд, ки ин назму эътидолро ҷорӣ кунанд. Ҳаваскорона як замоне рейду санҷиш барпо шуд ва ҳанӯз назму тартиб ҷорӣ ношуда, рейду санҷишҳо ба поён расиданд ва мусофирон монданду ронандаҳои саркашу бетамиз.

Албатта, мусофирон низ дар навбати худ айбдор ҳастанд, ки қоидаҳои оддии истифодаи нақлиёти ҷамъиятиро риоя намекунанд, вале агар ронандаҳо, ки ақалият ҳастанд, ба назму тартиб дароянд, мусофирон низ ба чаҳорчӯба ворид мешаванд.

Ёқуб ҲАЛИМОВ, рӯзноманигор

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *