Бетартибиҳо дар Париж идома доранд (видео)

Бетартибиҳо дар Париж идома доранд. Дар кӯчаҳо мошинҳо месӯзанд ва полис эътирозгаронро пароканда мекунад.

Дар Париж ва навоҳии атрофи он ва ҳамчунин дар бархе аз шаҳрҳои дигари Фаронса шаби панҷшанбеи 29-уми июн ошӯбҳо, ки чанд рӯз пеш ба вуқуъ пайвастанд, баъд аз он идома ёфтанд, ки пулис як ронандаи 17-соларо дар канори метрополитени Нантер ҳангоми тафтиш парронд. То субҳ 35 нафар боздошт шудаанд.

Фоҷиа рӯзи 27-уми июн рух дод. Ба гуфтаи полис, ҷавоне бо номи Наел М., ки ронандаи мошин буд, талаби ӯро иҷро накардааст. Ба навиштаи нашрияи интернетии фаронсавии Rfi, афсари 38-солаи полис, ки ронандаи ҷавонро паррондааст, бо гумони куштори қасдона боздошт шудааст.

Рӯзи 27-уми июн дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори ин ҳодиса паҳн шуд. Он нишон медиҳад, ки ҳангоми тафтиши мошини зард яке аз маъмурони полис ронандаро бо силоҳ нигоҳ медорад. Вақте ки мошин дур мешавад, полис тир холӣ карда, ба қафаси синаи ронанда мезанад. Духтурон, ки ба ҷои воқеа расида буданд, Наелро наҷот дода натавонистанд. Гуфта мешавад, ки ду нафари дигар бо ӯ дар мошин будаанд. Яке аз онҳо тавонистааст фирор кунад. Дигарӣ, ки низ ноболиғ будааст боздошт шуда, вале субҳи барвақти 29-уми июн раҳо карда шудааст.

Дар шаби аввали бетартибӣ, ба гуфтаи намояндаи полис Лоран Нунез, 42 мошин сӯхтааст. 24 корманди полис маҷруҳ шуда, 24 нафар боздошт шудаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *