Бетолеъӣ дар Толеъи Мӯъминобод, тафсилоти марги 6 нафар аз як оила

Ин ҳодиса дар ҳудуди ноҳияи Мӯъминобод дар мавзее бо номи Толеъ рӯй додааст ва таре сокинон мегӯянд, «толеъ ба онҳо мадад накард»…

Тавре қаблан хабар додем, рӯзи 22 май 6 узви як хонавода – як модар бо ду писару як духтар ва келину набераи ҳафтсолааш ҳангоми ба тӯй рафтанашон дар роҳи Кӯлоб – Мӯъминобод бо сабаби ба мошини боркаш бархӯрдани мошини “Опел” ҷон бохтанд.
Тавре дар акс дида мешавад, бо мошини боркаш бархӯрда, қисмати пеши мошини рангаш сабзи комилан тикаву пора шудааст ва пораҳои мошинро бо брезент пӯшондаанд.
Ба гуфтаи сокинони Мӯъминобод, ронандаи мошин Фарҳоди Назрӣ, соли таваллудаш 1984, ки дар ин садама ҳамроҳи зану фарзанди ҳафтсолааш ҷон дод, тоза рӯзи 9 май аз Русия баргашта буд. Дар садама ҳамчунин бародари ӯ Дилшоди Назрӣ, соли таваллудаш 1983, як хоҳар ва модараш Хадиҷа низ ба ҳалокат расиданд.
Ин ҳодиса дар ҳудуди ноҳияи Мӯъминобод дар мавзее бо номи Толеъ рӯй додааст ва таре сокинон мегӯянд, «толеъ ба онҳо мадад накард»…
Як рӯз пеш Зафар Шарифзода дар Фейсбук хабар дода буд, ки рӯзи 22 май бар асари садамаи нақлиётӣ дар роҳи Кӯлоб – Мӯъминобод 6 узви як хонавода аз деҳаи Фурӯзобаи ҷамоати Боғгаии ноҳияи Мӯъминобод ҷон бохтаанд. “Модари дар қалб ҳазорҳо орзудошта бо ду писару як духтараш ва келину набераи 7-солааш, ки дар айёми ҷавонӣ буданду аз дунё чизе надида буданд, мехостанд дар тӯйи яке аз ақрабояшон иштирок намоянд, вале мутаассифона марг нагузошт ва дар роҳ мошини онҳо бо мошини боркаш (КамАз) бар хӯрда, ҳамагӣ ба ҳалокат расиданд. Акнун аз ин оилаи бузург ҳамагӣ як писар боқӣ монд. Бисёр талх ва аламовар буд, ҳангоми дидани 6 тобут дар як ҳавлӣ…” – навишта буд Зафар Шарифзода.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *