Бевиҷдонӣ. Як сӯ ҳаннотиву дигар сӯ беназоратӣ

Инсоф, виҷдон, раҳму шафқат, дасти сахо дар бозорҳои мо майли азбайнравӣ дорад. Далел мепурсед? Давоми ҳафтаи охир тоҷирони “боинсоф”-и мо пеш аз пода чанг андохтанд.

Якбора нархи як халта ордро аз 240-260 ба 340-350 сомонӣ, 1 кг шакарро аз 9-10 сомонӣ ба 13 сомонӣ, 1 литр равғанро аз 20-25 сомонӣ наздик ба 30 сомонӣ ва монанди ин боло бурданд. Баҳонаашон як аст: қурби доллар боло рафт. Аҷиб, охир ин доллар ба ширу гӯшт ва гашнич чӣ дахл дошта бошад, ки занҳои савдогар онро қиммат карданд?  

Дар ин росто, шоҳиди ҳодисаи аҷибе дар як мағоза шудам. Фурӯшанда нони 2-сомониро ба харидор 3 сомонӣ ва ширро 7 сомонӣ гуфт.

-Барои чӣ қиммат кардӣ?,-  бо ҳайрат мепурсад харидор.

-Хабар надоред? Доллар 1450 сомонӣ шудааст. Ҳама чиро  бо доллар  мехарем,- посух медиҳад фурӯшанда.

— О, ин говҳо доллар мехӯранд, ки шир ҳам қиммат шудааст?- ним ҷиддиву ним  шӯхӣ мепурсад боз харидор. 

Рости гап, ин харидор ҳамагӣ ду нон гирифту шояд пулаш барои шир нарасид, ки “Худо инсоф диҳад” гуфту аз мағоза берун баромад.

Воқеан ҳам, дар шароити имрӯз оилаҳое ҳастанд, ки даромадашон барои нону чой  базӯр мерасад. Шояд дар хонадон ҳам як ноновар бошад. Вой ба ҳоли чунин оилаҳое, ки бо ин   қимати маҳсулот бори зиндагиро пеш мебаранд.

Ҳамагӣ баъд аз ду ҳафта иди Рамазон фаро мерасад. Дар мо анъана шудааст, ки дар ҳар ид бозору марказҳои тиҷоратӣ, савдогарон нархро чанд баробар боло мебаранд. Боз ҳам аҷиб. Аз як сӯ домуллоҳои мо амри маъруф мекунанд, ки моҳи раҳмат асту савдогорон бояд маҳсулотро арзон кунанд, вале аз сӯи дигар баръакс, фурӯшандаҳо “буз дар ғами ҷону қассоб дар ғами чарбу”  шиору амалашон мешавад. Ҳарчанд дар ин давра мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вобаста мешаванд, ки пеши болоравии нархи маҳсулотро гиранд, вале бенатиҷа. Ҳамагӣ чанд рӯз бозор то андозае ба танзим медарояд, аммо боз ҳамон аҳволи пешина ва ҳаннотиву дурӯғгӯӣ ва фиреби назар идома меёбад.

Пас, дар ин ҳолат чӣ бояд кард? Як роҳ аст: роҳбарони бозор, ниҳодҳои танзими бозору назорати нарх масъулият дошта бошанд. Дар сурати иҷро накардан, аз мақомашон барканор шаванд. Мисли он ки як замон собиқ шаҳрдори Душанбе барои ба таври сунъӣ боло бурдани нархи сабзӣ раиси бозори “Саховат”-ро шармандавор озод кард. Ӯ он замон таъкид дошта буд: “Дар Ҷайҳун 1 кг сабзӣ 20 дирам, наход дар бозори “Саховат” 1 сомонӣ шавад? Бевиҷдон! Куҷо нигоҳ мекунӣ?”. Кай чунин муносибат боз садо медиҳад?

Усмон Раҳимзода,

рӯзноманигор

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *