Бежан брои ифротгароӣ 7 сол гирифт

Суди ҳарбии гарнизони Хатлон як сарбози Гвардияи миллии Тоҷикистонро бо ҷурми ифротгароӣ ба 7 соли зиндон маҳкум кард. Бежан Иброҳимов, ки то анҷоми хидматаш моҳҳои башумор монда буд, дар баҳори имсол боздошт ва моҳи июли имсол бо гуноҳи ифротгароӣ равонаи зиндон шуд. Бежан Иброҳимов – сокини ноҳияи Рӯдакӣ – ҳадди ақал дар ду ҳодисаи ҷудогона мавриди таваҷҷӯҳи мақомоти ҳифзи қонун қарор гирифта буд. Ҳодисаи аввал ба соли 2013, се сол пеш аз онки ба хидмати ҳарбӣ ҷалб шавад, рух додааст. Он замон, гӯё ӯ дар саҳифаи худ дар шабакаи “Одноклассники” акси парчами гуруҳи “Ансоруллоҳ”-ро нашр кардааст. Ин созмон бо қарори Суди олӣ мамнӯъ ва ифротӣ шинохта шудааст.Ҳолати дигар, ки зоҳиран дар замон хидматаш дар артиш рух додааст, ба мукотибаи ӯ бо афроди узви гурӯҳҳои ифротгаро дар Ховари Миёна рабт мегирад. Иттиҳоми аслии Бежан Иброҳимов дар суд ин буд, ки бо як ҳамсабақи даврони мактабиаш, ки ба эҳтимоли зиёд дар Сурия ё Ироқ аст, тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ суҳбатҳо анҷом додааст.Тафтишот мегӯяд, ки Иброҳимов баҳори имсол ҳамроҳ бо ду нафари дигар боздошт шуд. Мақомот алайҳи онҳо бар асоси моддаи 307-и Кодекси ҷиноӣ парванда боз карданд. Номи ду нафари дигаре, ки ҳамроҳ бо Иброҳимов боздошт шуданд, то ҳол ошкор нашудааст. Яке аз ин ду нафар мехост ба Афғонистон фирор карда, ба гуруҳҳои ифротгаро пайвандад. Мақомоти тафтишотӣ ва ҳам суд то ба ҳол қазияро шарҳ надодаанд. Аммо Ҳотам Иброҳимов, падари Бежан гуфтааст,ки писараш бо ихтиёри худ ба хидмати ҳарбӣ рафт ва бояд моҳи сентябр ба хона бармегашт. Ӯ мегӯяд, иттиҳоми ифротгаро будани фарзандашро қабул надорад, зеро дар ӯ ҳеҷ нишонаи ин корро надида буд.“Чанд боре, ки муроҷиат мекунам, мегӯянд, «гуноҳаш байрақ ва класс мондан аст». Ҳол он, ки писарам мегӯяд, ин корро дар хотир надорад. Бежан гуфт, дар ёд надорад, ки вақти суратҳоро ба телефонаш гузарондан шояд чунин аксҳо ба телефонаш гузашта бошанд. Аммо Бежан на парвои байрақ дошт, на чизи дигар”, — гуфт Ҳотам Иброҳимов. Мукотиба бо ҳамсабақи даврони мактабӣ иттиҳоми аслӣ нисбат ба Бежан Иброҳимов аст. Аммо наздикони ӯ иддао доранд, ки Иброҳимов бо собиқ ҳамсабақаш аслан робита надошт. Бежан Иброҳимов 22 сол дошта, ҳамроҳ бо волидон дар ноҳияи Рӯдакӣ зиндагӣ мекард. Ӯ ҳамроҳ бо ду нафари дигар феълан дар боздоштгоҳи шаҳри Кӯлоб нигоҳдорӣ мешавад. Ҳукми Бежан Иброҳимов ду моҳи пеш содир шуда, ба гуфтаи наздиконаш, ҳафтаи гузашта Додгоҳи олӣ низ онро бетағйир гузошт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *