Биҳӣ мастро ҳушёр ва зардпарвинро шифо мебахшад

Биҳӣ меваи тирамоҳӣ буда, дар аксари манотиқи кишвар  аз он мураббо омода мекунанд. Ин  навбат мо дар бораи хосияти шифобахшӣ ва таъсири манфиаш маълумот хоҳем дод. Ногуфта намонад, ки се намуди биҳӣ мавҷуд аст, ки ҳар яки он хосияти шифобахшии худро дар мизоҷҳои гуногун доро мебошад.

Хӯрдани ҳар як навъи биҳӣ ба рӯҳи инсон фараҳ мебахшад. Дар баробари ин, дилбеҳузуриро қатъ карда, хунравии узвҳои дохилиро манъ мекунад. Биҳие, ки таъми ширин дорад, меъдаро қавӣ намуда, бадбӯии даҳонро дур мекунад. Мастро ҳушёр, беҳолиро бартараф, зардпарвинро шифо мебахшад.

Мураббое, ки аз гули биҳӣ тайёр карда мешавад,  узвҳои дохилӣ, дилро бақувват намуда, тапидани онро, ки сабабаш гармӣ бошад, шифо мебахшад. Мева ва барги онро кӯфта, бардавом гузошта банданд, варамҳои гарми чашм ва дигар узвҳоро рафъ карда, заҳри ҷонваронро аз бадан дур ва захмҳоро хушк месозад.

Пашмаки рӯйи самари биҳӣ ба ҳалқ ва овоз зарар дорад. Агар инро бипошанд, хуни ҷароҳатро мебандад. Равғани биҳӣ ба якчанд дардҳо даво буда, аз ҷумла сабӯсаки сарро дур, захмҳои даҳонро шифо бахшида, агар онро дар бини чаконанд, сарчархзаниро дур мекунад. Ҳамчунин, истифодаи занҳо аз таг сӯзокро шифо мебахшад.

Тарзи тайёр кардани равғани биҳӣ чунин аст: Биҳиро хуб пухта, оби онро фишурда гирифта, бо дучанди он равғани зайтун меҷӯшонанд, то обаш бухор шуда раваду равғани холис бимонад. Вале эҳтиёт намоянд, ки равған доғ нагардад.

Истеъмоли равғани мазкур дарди сар, хун қайкунӣ, варами ҷигар, захми рӯдаҳоро даво мебахшад. Агар бо ин равған ҳуқна кунанд, ба ҳамин беморон муфид аст.

Мағзи тухми биҳӣ каме часпандагӣ дорад, барои  узвҳои нафас, сурфа, гирифтагии овоз, сил ва захми сатҳи даруни рӯдаҳо даво мебошад.

Микдори як бор хӯрдан аз мағзи тухми биҳӣ дар як рӯз то 9 грамм аст ва аз луоби тухми биҳӣ то 45 грамм аст. Вале агар инро бихӯранд, меъдаро заиф ва суст мегардонад. Барои ислоҳаш одамони гарммизоҷ бояд шакар бихӯранд ва агар ба касони сардмизоҷ зиён кунад, арпабодиён хӯранд, рафъи ислоҳ мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *